Thursday, May 22, 2025
ads
HomeХабарҳо«Трамп вуруди шаҳрвандони Эрону Сурия ва чанд кишвари дигарро ба ИМА манъ...

«Трамп вуруди шаҳрвандони Эрону Сурия ва чанд кишвари дигарро ба ИМА манъ хоҳад кард»

Шуморе аз дастёрон дар кунгураи Амрико ва коршиносони муҳоҷират дар ин кишвар гуфтаанд, ки интизор меравад Доналд Трамп раисҷумҳури Амрико, чаҳоршанбе 25 январ, дастуруламале имзо кунад, ки дар он муҳоҷират ба Иёлоти муттаҳида аз Эрон, Сурия ва шуморе аз кишварҳои Ховари Миёна ва шимоли Африқо маҳдуд шавад.

Ба гузориши хабаргузории Ройтерз, ин дастёрон ва коршиносони огоҳ, ки хостанд номашон фош нашавад гуфтаанд, ки илова бар Сурия, интизор меравад Трамп вуруди аксар паноҳҷуёнро ба Амрико ба таври муваққат ба боз дорад. Ў ҳамчунин дастури таваққуфи судури раводид барои шаҳрвандони Ироқ, Эрон, Либия, Сомалӣ, Судон ва Яманро содир хоҳад кард.

Интизор меравад, ки монеъаҳои нав барои пазириши паноҳҷуён аз ҳама кишварҳо то чанд моҳ ва то замоне, ки вазорати умур хориҷа ва вазорати амнияти дохилӣ, қавонини таҳқиқ ва будубошро ташдид кунанд, идома ёбад.

Истион Легумски, мушовири аршади ҳуқуқдон дар хадамоти тобеият ва муҳоҷират дар давлат Барак Обама, раисҷумҳури пешини Амрико дар ин бора гуфт: «раисҷумҳури ихтиёри маҳдуд кардан пазириши паноҳҷуён ва судур раводид барои кишварҳои мушаххасро дорад.».

Легумски, ки устод донишкада ҳуқуқ дар донишгоҳи Вашингтон низ ҳаст афзуд: «аз назари қонун ин иқдом аз ихтиёроти қонунии раисҷумҳурӣ аст, аммо аз лиҳози сиёсӣ, иқдоме бисёр бад аст, зеро дар ҳоли ҳозир паноҳҷуён ниёзҳои инсонии фаврӣ доранд».

Трамп дар таблиғоти интихоботи раёсатҷумҳурӣ, пешниҳоди мамнуъияти муваққати вуруди мусулмонон ба Иёлот муттаҳидаро дода буд.

Аммо баъдан ӯ ва номзади вазорати додгустариаш пас гуфтанд ба ҷойи эҷоди мамнуъият барои пайравони дини мушаххас, монеъаҳое барои кишварҳое эҷод хоҳанд кард, ки муҳоҷиронашон метавонанд боиси таҳдид шаванд.

Бархе аз манобеъи огоҳ аз раванди судури раводид ҳам гуфтаанд, ки интизор меравад Трамп ба вазорати умури хориҷа дастури боздошти судури раводид ба шаҳрвандони бархе кишварҳоро диҳад.

Ӯ ҳамчунин метавонад ба хадамоти гумрук ва марзбонӣ дастур диҳад, ки монеъи вуруди шаҳрвандони ин кишвар ҳатто дар сурати доштани раводиди Амрико шаванд.

Шон Спайсер сухангӯи Қасри сафеди Амрико сешанбе гуфта буд, ки вазоратҳои умури хориҷа ва амният, пас аз ба кор оғоз кардани вазири нави умури хориҷа бозбинии муқаррароти амалиёти таҳқиқ ва бозҷӯии афродеро, ки хоҳони раводид ҳастанд, оғоз хоҳанд кард.

 

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?
Яндекс.Метрика