Saturday, May 17, 2025
ads
HomeХабарҳоЛавров мухолифини Асадро ба Маскав даъват кард

Лавров мухолифини Асадро ба Маскав даъват кард

Вазорати умури хориҷаи Русия эълом кард, Сергей Лавров  рӯз ҷумъа, 27 январ  бо намояндагони 25 гурӯҳи мухолифи Асад дар Маскав дидор мекунад.

Ҷиҳод Мақдисӣ ҳам зимни таъйиди хабари даъвати Лавров, ба расонаҳои арабӣ гуфтааст: ин нишаст бо ҳадафи ҳамандешӣ ва гуфтугӯ дар бораи нуқтаназароти мухолифини Сурия баргузор мешавад, то мавзӯъоте, ки метавонад ба муваффақияти гуфтугӯҳои пешорӯ дар Женева кумак кунанд, баррасӣ шаванд. Ҷиҳод Мақдисӣ пеш аз пайвастан ба опозисион сухангӯи расмии вазорати умури хориҷаи Сурия буд.

Аз сӯи дигар Маҳмуд Ал-афандӣ, дабири ҷунбиши «Дипломосии мардумӣ» низ хабар додааст, 25 гурӯҳи мухолифи Башшор Асад ба Маскав, пойтахти Русия даъват шудаанд. Ҳамчунин Александр Лаврентев, раиси ҳайати русии ҳозир дар нишаст Остона, аз омодагии ҳайати музокиракунандаи гурӯҳҳои мусаллаҳи мухолифи Асад барои ҳузур дар Маскав хабар дод.

Мақомоти Русия низ зимни ситоиши гуфтугӯҳое, ки дар Остона, пойтахт Қазоқистон баргузор шуд, ин гуфтугӯҳоро муваффақиятомез хонд ва гуфт дар сурати зарурат имкони баргузории нишастҳои мушобеҳи бештаре низ вуҷуд дорад.

Дмитрий Басков, сухангӯи Кремл дар як гуфтугӯи телефонӣ ба хабарнигорон гуфт, гумон мекунад гуфтугӯҳои Остона метавонад ба гуфтугӯҳои нофарҷоме, ки бо миёнҷигарии Созмони милали муттаҳид дар Женева баргузор мешавад, кӯмак кунад.

Мавлуд Човушоғлу, вазири умури хориҷаи Туркия низ, ба монанди ҳамтои русиаш, гуфтугӯҳои Остонаро муваффақиятомез хонд ва гуфт: ширкаткунандагон дидгоҳҳои худ барои тақвияти оташбас ва барқарории он дар ҳамаи Сурияро матраҳ карда, талош карданд назароти худ дар бораи ояндаи сиёсии Сурияро баён кунанд.”

Вазири умури хориҷаи Сурия зимни қадрдонӣ аз мавзеъи гурӯҳҳои мухолифи Башшор Асад, ибрози умедворӣ кард, нишаст Остона битавонад ба муваффақияти гуфтугӯҳои пешорӯ дар Женева кӯмак кунад.

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?
Яндекс.Метрика