Гурӯҳи аъзои собиқи ҲНИТ дар ноҳияи Ашт боздошт шуда, дар Шӯъбаи корҳои дохилии ин ноҳия зери шиканҷаи шадид қарор доранд, то гуноҳи содирнакардаашонро ба дӯш гиранд.
Тибқи иттилои як манбаи мӯътамад, 5 сокини ноҳияи Ашт, ки қаблан узви ҲНИТ будаанд, рӯзи ҷумъа ба Раёсати мубориза алайҳи ҷиноятҳои муташаккил, машхур ба 6-ум отдел оварда, ҳар нафари онхоро аз як то се шабонарӯз ғайриқонунӣ нигоҳ медоранд. Ҳангоми нигоҳдорӣ онҳоро истинтоқу шиканҷа намуда, маҷбур мекунанд иқрор шаванд, ки то ҳанӯз фаъолияти пинҳонии ҳизбиро идома дода истодаанд.
Онхоро ба қувваи барқ пайваст намуда, шиканҷа мекунанд, аммо касе аз онҳо розӣ намешавад ҷинояти сунъиро ба дӯш гирад. Манба мегӯяд гуноҳи онҳо ин будааст, ки рӯзи ҷумъаи ҳафтаи гузашта баъди намози ҷумъа дар саҳни масҷид истода, чанд дақиқа ҳолпурсию сӯҳбат мекунанд.
Вақте онҳо нишондоди иқрорӣ надоданд, рӯзи сешанбе ҷавоб додаанд. аммо дирӯз, чаҳоршанбе ба шӯъбаи милисаи ноҳияи Ашт ин 5 нафарро оварда, баъди як рӯзи аз “6-ум отдел” озод шуданашон, боздошт мекунанд. Алъон ҳамаи онхо дар ин шӯъба мебошанд.
Манбаъи мо мегӯяд онҳоро бо шиканҷа маҷбур карда истодаанд, то иқрор шаванд, ки фаъолияти ҲНИТ-ро идома дода истодаанд. Ӯ мегӯяд осори ҷароҳате, ки дар натиҷаи шиканҷа дар Раёсати мубориза алайҳи ҷиноятҳои муташаккил дар бадани онҳо дида мешавад.
Худи боздоштшудагон гуфтаанд, ки ҳанӯз қабл аз қабули ҳалномаи Додгоҳи Олӣ дар бораи манъи фаъолияти ҲНИТ, онҳо бо ариза аз ҳизб баромадаанд ва ҳатто онҳоро ба идораи ҷамоъат бурда ба навор гирифта будаанд.
Ин ҳодисаи ягонаи фишор алайҳи собиқ наҳзатиён нест. Қаблан мо аз боздошти ҳадди ақал 25 нафар собиқ аъзо ва тарафдорони ҲНИТ аз тарафи кормандони КДАМ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва шаҳри Хуҷанд хабар дода будем.