Monday, June 16, 2025
ads
HomeХабарҳоШохиси Доу Ҷонс аз марзи 20000 убур кард

Шохиси Доу Ҷонс аз марзи 20000 убур кард

Шохиси саҳоми Ню-Йорк мавсум ба Доу Ҷонс, рӯзи чаҳоршанбе аз марзи 20 ҳазор воҳид убур кард. Баъд аз бӯҳрони молии соли 2009 ин шохис масири афзоиши тадриҷии худро оғоз кард ва бо интихоби Доналд Трамп ба раёсати ҷумҳурии Амрико дар ноябр сол гузашта, ғайричашмдошт рушди он суръат гирифт.

Ҳанӯз як ҳафта аз оғози кори Трамп намегузарад, аммо барномаи ӯ барои роҳандозии проектҳои зербиноӣ ва лағви муқаррароти монеъаэҷодкунанда, боис суръати рушди бозори саҳом шудааст.

Шохис Доу Ҷонс 120 сол пеш таъсис шуд ва муаррифи саҳоми 30 ширкати бузурги Амрикост. Сармоягузорон бар ин боваранд, ки Трамп бо барномаҳои тиҷоратмадори худ аз қабили костан аз молиётҳо ва афзоиши сармоягузории давлатӣ, касбу корро ҳарчӣ бештар равнақ хоҳад дод.

Дар соатҳои аввали рӯзи чаҳоршанбе, шохиси ДоуҶонс аз марзи 20 ҳазор убур кард ва дар тамоми тӯли рӯз дар ин остона боқӣ монд ва дар поёни рӯз бо 8 даҳум дарсади афзоиш ба 20068 воҳид расид.

Коргузорони бурси Ню-Йорк дар тайи рӯзҳои гузашта борҳо мунтазири расидани шохис ба ин марз буданд, аммо ҳар бор шохис ба он наздик мешуд ва боз ақиб мекашид ва коҳиш меёфт. Рӯз чаҳоршанбе ҳангом убур аз ин марз коргузорон дар салонии муомилоти бурс бо шӯру шодии бисёр аз он истиқбол карданд.

Шохис Доу Ҷонс, 103 сол тӯл кашид то дар моҳи марти 1999 ба марзи 10 ҳазор воҳид бирасад. Аммо фосилаи 10 ҳазор то 20 ҳазорро дар 18 сол тай кардааст.

Бо интихоби Трамп, шохиси Доу Ҷонс зарфи 42 рӯз аз 19 ба 20 ҳазор воҳид расид. Ин дувумин бор аст, ки шохис бо чунин суръати ҳазор воҳид афзоиш меёбад. Сареътарин афзоиши ҳазорвоҳидӣ дар зарф 24 рӯз дар авҷи равнақи иқтисодӣ дар соли 1999 иттифоқ афтода буд.

Шохис саҳоми Ню-Йорк роҳи тӯлоние барои расидан ба марзи 20 ҳазор воҳид тай кардааст, ва дар ин роҳ 2 бор ҳубоби он таркидааст. Суқути шохис дар солҳои 2000 ва 2008 мунҷар ба чандин триллион доллар хисорат ва коҳиши арзиши саҳоми Амрико шуд.

Бо вуҷуди афзоиши шохиси саҳом дар рӯзҳои ахир, сармоягузорон ҳанӯз бо эҳтиёт ҳаракат мекунанд. Иқтисоди ҷаҳонӣ чандон мустаҳкам нест, қимати саҳом бисёр болост ва сармоягузорон мегӯянд имкони ақибгардии қимати саҳом вуҷуд дорад.

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?