Оҷонсии мубориза алайҳи фасод ба тафтиши фаъолияти шаҳрдории Душанбе, гӯё тибқи муроҷиати ду шаҳрванд ва раиси нави шаҳр оғоз кардааст.
Тибқи иттилои муовини раҳбари ин оҷонсӣ, тафтиш дар самти азхудкунии маблағи буҷаи шаҳр сурат мегирад. Ин тафтиш мувофиқи нақша бояд моҳи майи соли 2018 сурат мегирифтааст, аммо бинобар “шикояти шаҳрвандон”, тафтиш қабл аз мӯҳлат оғоз шудааст.
“Аллакай ду маротиба муроҷиат карда шуд, мо тафтиш таъин кардем, вобаста ба муроҷиати шаҳрвандон оиди тасарруфи маблағҳои буҷетӣ ва оиди саҳмгузорӣ дар тарҳи “Манзили дастрас”. Ҳоло тафтиш таъин шудааст ва корҳо оғоз гардидаанд”- гуфт ӯ.
Дар асоси шикояти ду шаҳрванд тафтиш шудани на танҳо ниҳоде чун шаҳрдории Душанбе, ҳатто ниҳодҳои хеле кӯчактар бесобиқа аст. Вале ҳолатҳои баъди рафтани мансабдоре тафтиш шудани ниҳодаш қаблан ҳам дида шудаанд. Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ҳамагӣ ним моҳ қабл аз мансабаш барканор ва ҷои ӯ писари раисҷумҳур Рустами Эмомалӣ таъин гардид.
Рустам баробари расиданаш ба ин мансаб ба тоза кардани асари Убайдуллоев дар шаҳр оғоз кард ва чанде аз хешовандону наздикони ӯро аз мансабҳои шаҳрӣ барканор кард.
Қаблан Паём.нет тахмин зада буд, ки ба зудӣ таъқиби Маҳмадсаид Убайдуллоев оғоз гашта, барояш на танҳо ҳифз кардани раисии Маҷлиси Миллӣ, ҳатто боқӣ мондан дар озодӣ ҳам муваффақият хоҳад буд.