Thursday, May 22, 2025
ads
HomeХабарҳоРаҳматилло Зоиров: Қонуни авф бояд баробар татбиқ гардад

Раҳматилло Зоиров: Қонуни авф бояд баробар татбиқ гардад

Раҳматилло Зоиров, раиси ҳизби сотсиал демократии Тоҷикистон дар мавриди авфи Шӯҳрат Қудратов ба мақомоти кишвар, аз ҷумла Ваколатдори ҳуқуқи инсон, Додситонии кулл, раиси Додгоҳи Олӣ ва вазири адлия муроҷиъат кардааст.

Ин муроҷиъати ӯ, ки дар саҳифаи фейсбукиаш нашр шудааст, ба шакли зер аст:

Нусха: Ба Прокурори генералии ҶТ, Вазири адлияи ҶТ, Раиси Суди Олии ҶТ

Имрӯз дар ВАО-и электронӣ бо гуфтаҳои Омбудсмени Ҷумҳурии Тоҷикистон Зариф Ализода оид ба он, ки «нисбати Шӯҳрат Қудратов қонуни авф татбиқ намегардад» шинос гаштам ва бояд қайд намоям, ки Зариф Ализода ё намехоҳад посухи пурра диҳад ё махсус ва қасдан на танҳо ҳимоятгари ҳуқуқии шахсони мансабдор гаштааст, балки ғайр аз ин, кӯр-кӯрона қонунро нодуруст ва нопурра маънидод мекунад.

Вазири адлияи кишвар изҳори ақида кардааст, ки ман намедонам барои чӣ қонуни авф нисбати Шӯҳрат Қудратов татбиқ нагардидааст. Гумон мекунам, ки ин ҷавоб ҳам нопурра, аммо ҳеҷ набошад ба самимият наздик ва хато нест.

Ман даҳум бор таъкид мекунам, ки на ҳамчун раиси ҳизби сиёсӣ ё роҳбари Шӯҳрат Қудратов, балки ҳамчун ҳуқуқшиноси мустақил ва ҳимоятгари Шӯҳрат Қудратов баромад мекунам. Аслан, бояд Шӯҳрат Қудратов дар асоси се моддаи Қонуни ҶТ «Дар бораи авф», мушаххас, дар асоси моддахои 4, 5 ва 7 – озод карда мешуд, аммо, азбаски, махдудиятхои дар моддаи 9-уми ҳамин қонун амали ё ки татбиқи Қонуни авфро нисбати Шӯҳрат Қудратов дар асоси моддаи 4 ғайриимкон месозад, боз таъкид мекунам, ки Шӯҳрат Қудратов бояд дар асоси татбиқи моддаҳои 5 ва 7-и Қонуни авф таъҷилан озод карда шавад!!!

Мефаҳмам, ки бо ҳалво гуфта дод задан даҳон ширин намешавад, барои ҳамин бевосита ба таҳлили Қонуни авф гузарем. Акнун, биёед ба Қонуни ҶТ«Дар бораи авф» назар андозем, ки 24 августи с. 2016 қабул гардида, дар Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2016, № 8-9, мод. 714 интишор карда шудааст.

Сараввал, таъкид мекунам, ки моддаҳои 1,2,3, 6 Қонуни авф ба Шӯҳрат Қудратов дахл надорад. Акнун, моддаи 4 Қонуни ҶТ Дар бораи авфро мутолиа намоем. Боз таъкид кунам, ки он чизе ё таъкиде, ки Омбудсмени ҶТ кард ё гуфта гузашт, танҳо ба ҳамин моддаи 4 дахл дорад.

Инак, моддаи 4. Дар ин модда чунин омадааст:

Маҳкумшудагони зерин, ки барои бори аввал қасдан содир кардани ҷиноят маҳкум шудаанд, аз адои ҷазо озод карда шаванд:

1) Маҳкумшудагоне, ки барои содир кардани ҷиноятҳои начандон вазнин ва дараҷаи миёна ба муҳлати то панҷ сол аз озодӣ маҳрум сохта шудаанд.

2) Маҳкумшудагоне, ки барои содир кардани ҷиноятҳои вазнин маҳкум шудаанд ва на камтар аз се ду ҳиссаи муҳлати ҷазоро дар ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ адо кардаанд.

3) Маҳкумшудагоне, ки барои содир кардани ҷиноятҳои махсусан вазнин маҳкум шудаанд ва на камтар аз чор се ҳиссаи муҳлати ҷазоро дар ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ адо кардаанд.

Аз ин модда хулоса мекунем, ки агар дар қонуни авф дигар маҳдудиятҳо вуҷуд намедоштанд, бояд Шӯҳрат Қудратов тибқи банди дуюми ҳамин модда — «2) Маҳкумшудагоне, ки барои содир кардани ҷиноятҳои вазнин маҳкум шудаанд ва на камтар аз се ду ҳиссаи муҳлати ҷазоро дар ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ адо кардаанд», — аз адои ҷазо озод карда мешуд.

Ин маҳдудият дар моддаи 9 — уми ин қонун зикр ёфтааст:

Дар ин модда омадааст: «Муқаррароти моддаҳои 1, 2, 4 ва 6 Қонуни мазкур нисбати шахсоне, ки барои ҷиноятҳои зерин ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд ё маҳкум гардидаанд, ба истиснои занон ва ноболиғон, татбиқ карда намешаванд:». Чӣ хеле дар боло таъкид карда шуд, аз ин чор модда танҳо моддаи 4 ба Шӯҳрат Қудратов дахл дорад.

Мехонем давоми моддаро: «1) Барои ҷиноятҳои пешбининамудаи моддаҳои 61-70, 74, қисмҳои 3 ва 4 моддаи 76, қисми 4 моддаи 90, моддаи 91, қисми 3 моддаи 95, моддаҳои 104, 105, қисми 2 моддаи 111, моддаҳои 121, 1341, қисми 3 моддаи 135, моддаи 156, қисми 3 моддаи 160, қисми 3 моддаи 233, қисмҳои 1 ва 2 моддаи 234, моддаи 2341, қисми 2 моддаи 240, моддаи 2401, қисми 3 моддаи 241, банди «в» моддаи 249, бандҳои «б» ва «в» моддаи 250, банди «б» моддаи 252 ва банди «в» моддаи 270 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳрири соли 1961).

– Ин моддаҳо, азбаски тибки Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳрири соли 1961) мебошанд ба Шӯҳрат Кудратов дахл надорад.

Мехонем давоми моддаро: «2) Барои ҷиноятҳои пешбининамудаи моддаи 104, қисми 3 моддаи 110, моддаҳои 122, 130, 130.1, 130.2, қисми 3 моддаи 131, қисми 3 моддаи 132, моддаҳои 137, 138, 139, 143.1, қисмҳои 2 ва 3 моддаи 167, моддаҳои 179, 179.1, 179.2, 179.3, 181, қисмҳои 3 ва 4 моддаи 184, қисмҳои 4 ва 5 моддаи 184.1, қисмҳои 3 ва 4 моддаи 184.2, қисмҳои 3 ва 4 моддаи 184.3, моддаҳои 184.4, 185-189, 193, қисмҳои 1, 2 ва 3 моддаи 195, моддаҳои 196, 199, қисми 3 ( ба истиснои банди «в») ва қисми 4 моддаи 200, қисми 3 (ба истиснои банди «б») ва қисми 4 моддаи 201, қисмҳои 2 ва 3 моддаи 202, қисми 3 моддаи 202.1, қисми 3 моддаи 202.2, қисми 3 моддаи 203, қисмҳои 3 ва 4 моддаи 204, қисми 2 моддаи 205, қисми 3 моддаи 212, банди «в» қисми 2 ва қисми 3 моддаи 237, қисми 4 моддаи 244, қисмҳои 2, 3 ва 4 моддаи 248, моддаҳои 249, 250, қисмҳои 2 ва 3 моддаи 252, қисмҳои 2, 3 ва 4 моддаи 289, моддаҳои 305-310, 313, қисми 4 моддаи 319, қисми 2 моддаи 320, моддаҳои 328, 329, 331, 332, қисми 2 моддаи 335, қисми 2 моддаи 335.1, моддаи 347 (агар хабар надодан дар бораи ҷиноят ё пинҳон доштани он ба ҷиноятҳои хусусияти террористӣ ва экстремистидошта, инчунин ҷиноятҳо ба муқобили асосҳои сохти конститутсионӣ ва амнияти давлат вобаста бошад), қисмҳои 2 ва 3 моддаи 356, моддаи 365, қисми 2 моддаи 368, қисмҳои 2 ва 3 моддаи 369, қисмҳои 2 ва 3 моддаи 370, моддаҳои 374, 375, моддаҳои 382-385, қисми 4 моддаи 386, қисми 4 моддаи 391, моддаҳои 393, 395-405 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳрири соли 1998)».

Аз ин қисми моддаи мазкур бармеояд, ки моддаи 4-и қонуни мазкур, яъне Қонуни авф нисбати Шӯҳрат Қудратов татбик карда намешавад.

Аммо, хато будани гуфтаҳои Омбудсмени Тоҷикистон дар он мебошад, ки худи ӯ беасос моддаи 9-уми Қонуни авфро, яъне маҳдудияти мазкурро ҳамчунин нисбати моддаҳои 5 ва 7 Қонуни мазкур татбиқ кардааст ё раво дидааст, ки ин маҳз хатост. Ман қотеъона ва такроран қайд мекунам, ки моддаи 9-уми Қонуни авф нисбати моддаҳои 5 ва 7-и ҳамин қонун татбиқ карда намешавад ва Шӯҳрат Қудратов аз адои ҷазо тибқи моддаҳои 5 ва 7-и Қонуни авф озод карда шавад.

Акнун мегузарем ба моддаи 5-и Қонуни авф:

Дар он омадааст: «Маҳкумшудагоне, ки то мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур муҳлати адонагардидаи ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ нисбаташон то ду сол боқӣ мондааст, новобаста аз маҳдудиятҳо ва манъкуниҳои дар Қонуни мазкур пешбинигардида, ба истиснои шахсоне, ки барои содир намудани ҷиноятҳои дар моддаҳои 61-70, 104, қисмҳои 3 ва 4 моддаи 121 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳрири соли 1961), моддаҳои 104, 138, 139, 143.1, моддаҳои 179, 179.1, 179.2, 179.3, 185-189, 305-310, 313, 328, моддаи 347 (агар хабар надодан дар бораи ҷиноят ё пинҳон доштани он ба ҷиноятҳои хусусияти террористӣ ва экстремистидошта, инчунин ҷиноятҳо ба муқобили асосҳои сохти конститутсионӣ ва амнияти давлат вобаста бошад), моддаҳои 395-405 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳрири соли 1998) маҳкум гардидаанд, аз адои ҷазо озод карда шаванд».

Аз моддаи мазкур бармеояд, ки «Маҳкумшудагоне, ки то мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур муҳлати адонагардидаи ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ нисбаташон то ду сол боқӣ мондааст, новобаста аз маҳдудиятҳо ва манъкуниҳои дар Қонуни мазкур пешбинигардида», ба «истиснои шахсоне» моддаи 320 нағалтидааст, ва азбаски, то августи соли 2016 на ду сол, балки «як солу се моҳи» ҷазои Шӯҳрат Қудратов «боқӣ мондааст», аллакай моҳи сентябри соли 2016 Шӯҳрат Қудратов аз адои ҷазо озод карда мешуд. То имрӯз дар колонияи ислоҳи доштани Шӯҳрат Қудратов худаш ҷиноят мебошад.

Акнун мегузарем ба моддаи 7-и Қонуни авф:

Дар он омадааст: «Муҳлати адонагардидаи ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ нисбати маҳкумшудагони зерин, ки амали моддаҳои 1, 2, банди 6) моддаи 3, моддаи 4 Қонуни мазкур нисбати онҳо татбиқ намегардад, кам карда шавад:

2) Ҷазои маҳкумшудагоне, ки барои содир кардани ҷиноятҳои вазнин ба онҳо ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ таъин карда шудааст — аз се як ҳисса».

Тибқи ин моддаи Қонуни авф, бояд агар моддаи 5–ум ҳам намебуд дар Қонуни авф, «ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ» яъне «се солу се моҳ» — «аз се як ҳисса», яъне ба «як солу як моҳ» кам карда мешуд. Аз ин модда бармеояд, ки Шӯҳрат Қудратов на дертар аз моҳи октябр, дери дер ноябр – озод карда мешуд.

Боз як бор таъкид мекунам, ки моддаи 9 – уми Қонуни авф нисбати моддаҳои 5 ва 7 татбиқ карда намешавад. Дигар ягон моддаи маҳдудкунандаи татбиқи Қонуни авф дар ин қонун мавчуд нест.

Қисме ҳуқуқшиносон ба моддаи 8 такя мекунанд оид ба маҳдудкунандаи амали моддаи 7 -уми Конуни авф. Дуруст, моддаи 8 қисман амал, дурустараш татбиқи моддаи 7-уми Қонуни авфро маҳдуд месозад, аммо ин ба моддаи 320 ягон дахл надорад.

Барои тасдиқи гуфтаҳои худ биёед ба моддаи 8-уми Қонуни авф назар андозем. Инак, дар ин модда омадааст:

«Муқаррароти моддаи 7 Қонуни мазкур нисбат ба маҳкумшудагони зерин татбиқ карда намешаванд:

1) Шахсоне, ки бо моддаҳои 61-70, 74, 104 ва 105 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳрири соли 1961) маҳкум шудаанд.

2) Шахсоне, ки бо моддаи 104, қисми 3 моддаи 110, моддаҳои 130, 130.1, 138, 139, 1431, 179, 1791, 1792, 1793, 185, 186, 187, 188, 189, қисми 4 моддаи 200, банди «в» қисми 2 ва қисми 3 моддаи 237, қисми 4 моддаи 248, қисмҳои 3 ва 4 моддаи 249, қисмҳои 3 ва 4 моддаи 250, моддаҳои 305-310, 313, 328, 331, 332, моддаи 347 (агар хабар надодан дар бораи ҷиноят ё пинҳон доштани он ба ҷиноятҳои хусусияти террористӣ ва экстремистидошта, инчунин ҷиноятҳо ба муқобили асосҳои сохти конститутсионӣ ва амнияти давлат вобаста бошад), моддаҳои 365, 395-405 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳрири соли 1998) маҳкум шудаанд (ба истиснои занон ва ноболиғон)». Ва ғайра, ва ғайра. Маълум мешавад, ки моддаи 8–уми Қонуни авф дар қисми моддаи 320 КҶ ҶТ моддаи 7-уми ҳамин қонунро маҳдуд намесозад.

Аз ин рӯ, дар асоси моддаҳои 5 ва 7 Қонуни авф, ман аллакай моҳи августи с. 2016 изҳори ақида кардам, ки Шӯҳрат Қудратов дар асоси татбиқи Қонуни авф то тирамоҳи соли 2016 ба озодӣ баромада, соли навро дар хонаи худ пешвоз мегирад.

Пас аз ин, ман боз ба Қазоқистон, ки дар он ҷо соли 2016 кору фаъолият доштам, сафар кардам. Пас аз баргаштан аз Қазоқистон ба ман маълум гашт, ки мақомоти дахлдори Тоҷикистон нисбати ӯ Қонуни авфро татбиқ накардаанд. Ман гуфта наметавонам, ки бо сабабҳои номаълум, азбаски, барои ин танҳо ду сабаб мавҷуд мебошад: 1) сабабҳои сиёсӣ ва 2) нахостан аз ҷониби шахсони мансабдори алоҳида бо сабабҳои субъективӣ, на объективӣ.

Аз ин рӯ, дар асоси моддаҳои 5 ва 7-и Қонуни авф, ман бо навиштаҳои мазкур аз мақомоти дахлдори Тоҷикистон (аз ҷумла Прокурори генералӣ, Вазорати адлия, мақомоти судӣ, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон),таъҷилан татбиқи Қонуни авфро нисбати Шӯҳрат Қудратов талаб мекунам. Ин вазифаи шумост оид ба риоя ва татбиқи қинуни авф.

Бо эҳтиром, Раҳматилло Зойиров,

ҳуқуқшинос ва ҳимоятгари Шӯҳрат Қудратов дар тафтишоти пешакӣ ва мурофиаи судӣ.

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?
Яндекс.Метрика