Як марди музадуз бо номи Махашта Мураси аз устони Варанасии шимоли Ҳиндустон ба расонаҳои ҳиндӣ гуфтааст, ки соли таваллудаш 1835 мебошад ва 181 сола шудааст.
Агар суханони ин мард таҳаққуқ ёбанд, ин мард аз ҳама солхурдатарин шахс дар ҷаҳон маҳсуб мешавад.
Аз ин мард солхурдатар танҳо пиронсоли Нигерӣ Мама Ефишо мебошад, ки бо маълумоти тасдиқнашуда 191 сола будааст.
Мақомоти Ҳиндустон ва ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсияти Махашта Мураси дар воқеъ 181 сола буданашро тасдиқ мекунанд. Аммо табибон дақиқ карда натавонистаанд, чун охирин табибе, ки ба ин мард мурофақат кардааст, соли 1971 фавтидааст.
Тибқи маълумоти ин музадуз дар Бангалор 6 январи соли 1835 таваллуд шуда баъдан соли 1903 ба Варанаси кучидааст. Махашта Мураси дар Варанаси то сини 122 солагиаш кор карда дар ин син ба нафақа баромадааст. Ин мард ба расонаҳо гуфтааст: “Ман ҳатто умеди 150 сол умр диданро надоштам аммо имруз аз 181 ҳам гузаштам”