Бархе мақомоти амрикоии наздик ба Трамп рӯз ҷумъа, 27 январ эълом кардаанд, ки Вашингтон дар ҳоли баррасии тарҳе барои қарор додани “Ихвонулмуслимин” дар феҳрасти созмонҳои террористӣ ва ҷорӣ кардани таҳримҳое бар ин гурӯҳи исломӣ аст.
Тибқи гуфтаи ин манобеъ, давлати Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико тарҳи муаррифӣ кардани “Ихвонулмуслимин” ба унвони созмони террористӣ ва ҷорикунии таҳримҳо алайҳи онро мавриди баррасӣ қарор медиҳад.
Ба гузориши хабаргузории «Ройтерз», манобеъи наздик ба тими Трамп, шомгоҳи панҷшанбе эълом карданд, ки гурӯҳи таҳти раҳбарии Майкл Флин, мушовири амнияти миллии Трамп дар садад аст “Ихвонулмуслимин”-ро дар феҳрасти созмонҳои террористии хориҷии муайяншуда дар вазоратҳои хориҷа ва молияи Амрико қарор диҳад.
Яке аз мушовирони Трамп, ки ба хотир ҳассосияти мавзӯъ нахостааст номаш фош шавад, гуфтааст: “медонам, ки ин мавзӯъ дар дасти баррасӣ аст, ман онро таъйид мекунам.”
Вай афзуд, “тими Флин мавзӯъи ҷой додани ин ҳизб дар феҳрасти амрикоии созмонҳои террористиро баррасӣ мекунад”.
Мушовири Трамп дар айни ҳол таъкид кард мушаххас нест, ки давлати Амрико чӣ замоне гоми амалӣ ва ниҳоӣ дар ин мавридро бардорад.
Бештари масъулон ва афроди наздик ба тими Трамп ва бисёре аз сиёсатмадорони кордида дар Шӯрои амнияти миллии ин кишвар ва ҳамчунин бархе аз дипломатҳои бо таҷрибаи Америка мӯътақиданд, ки Ихвонулмуслимин ба шакли мусоламатомез фаъолият мекунад ва ҳеҷ амали террористие аз ин ҳизб содир нашудааст.
Ин афрод аз ин мавзӯъ нигарон ҳастанд, ки қарор додан Ихвонулмуслимин дар феҳрасти терроризм, метавонад равобит бо Туркияро, ки муҳимтарин ҳампаймони Амрико дар ҷанг бо ДОИШ аст, печида кунад.
Ихвонулмуслимини Миср яке аз қадимтарин ҳаракатҳои исломӣ дар ин кишвар аст. Давлати Сисӣ дар соли 2013 ин ҳизбро дар феҳристи гурӯҳҳои террористӣ қарор дод. Илова бар Миср Арабистони Саъудӣ ва Амороти муттаҳидаи арабӣ Ихвонулмуслиминро дар листи феҳрасти гурӯҳҳои террористӣ қарор доданд.