Thursday, May 22, 2025
ads
HomeХабарҳо5 собиқ узви ҲНИТ, ки дар Ашт боздошт шуда буданд, озод шуданд

5 собиқ узви ҲНИТ, ки дар Ашт боздошт шуда буданд, озод шуданд

Баъди нашри матлаб дар хусуси ҳабси ғайриконунии 5 нафар сокинони ноҳияи Ашт дар Паём.нет, рӯзи дигар онҳо озод карда шуданд. Ин гурӯҳро мехостанд ба идомаи фаъолият дар ҲНИТ гунаҳкор кунанд.

Бори аввал нест, ки баъди нашри хабару мақола дар Паём.нет ва ё дигар воситаҳои ахбори омма, мақомоти интизомиву амниятӣ аз иттиҳом алайҳи шаҳрвандон даст мекашанд, то гуноҳи худашон собит нашавад.  Аз ин мешавад хулоса баровард, ки агар ҳар шаҳрванд барои ҳуқуқ ва озодиҳои худ мубориза барад ва дар ин самт ҳомиёни ҳуқуқ ва ВАО тасмими ҷиддӣ бигиранд, корманди мақомоти интизомӣ, ки мақсадашон мубориза бо ҷиноят набуда, балки ҷинояткорсозиву оморсозӣ ва ҳисобот додан дар бораи шумораи ифротиҳо барои дарёфти маблағу мансаб аст, ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидан мумкин аст.

Агар он 5 нафар ба шиканҷаи милиса тоб намеоварданд, ҳатман гунохи содир накардаашонро ба дӯш мегирифтанд ва террористу экстремист мешуданд. Мақомот бошад табли шодиву сур менавохтанд, ки боз 5 нафар собиқ узви ҲНИТ дастгир шуданд, ки ифротиву террорист мебошанд. Айни ҳол мардум дигар роҳ надорад: ё шиканҷаву лату кӯби милисаро таҳаммул мекунаду бегуноҳии худро собит намуда, ба озодӣ мебарояд ва ё ба шиканҷа тоб наоварда, “террорист”-у “ифротӣ” мегардад ва солҳои тӯлонӣ умри ҷавони худро дар зиндон барбод медиҳад.

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?
Яндекс.Метрика