Thursday, May 15, 2025
ads
HomeХабарҳоТрамп додситони куллро бо далели мухолифаташ бо фармони ӯ барканор кард

Трамп додситони куллро бо далели мухолифаташ бо фармони ӯ барканор кард

Рӯз душанбе Кох Сафеди Амрико эълом кард, Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико Салли Йетс, додситони кулли ин кишварро ба далели мухолифат бо дастури манъи вуруди шаҳрвандони 7 кишвар ба Амрико аз кор барканор кард.

Хонум Йетс асри рӯзи душанбе тайи номае, ки аз Кохи Сафед ба сурати дастӣ ба дафтари ӯ бурда шуд, аз кор барканор гардид.

Ба гузориши рӯзномаи “Уолстрит журнал”, Кохи Сафед дар баёнияе гуфт: «хонум Йетс ба вазорати додгустарӣ хиёнат карда ва ҳукми қонуне, ки бо ҳадафи ҳифозат аз шаҳрвандони амрикоӣ содир шударо иҷро накардааст».

Хонум Йетс аз сӯи давлати Барак Обама ба додситонии кулл Амрико мансуб шуда буд ва дар давлати кунунӣ ба сурати муваққат кори худро идома медод. Ў рӯзи якшанбе дар мухолифат бо дастури Трамп дар манъи вуруди шаҳрвандони 7 кишвари умдатан мусулмон ба Амрико, ба додситонҳои вазорати додгустарӣ дастур дод то дар додгоҳҳо аз ин дастури раёсатҷумҳурӣ дифоъ накунанд.

Пас аз барканории Йесз, Дана Боэнта, додситони аёлати Вирҷинё муваққатан ба додситонии кулли ИМА мансуб шуд. Қарор аст Ҷеф Сешн, номзади Трамп барои додситонии кулл ҳафтаи оянда дар сенати Амрико мавриди таъйид қарор бигирад.

Ба гуфтаи мақомот Кохи Сафед, Боэнта дар соати 9-и шаби рӯз душанбе маросими савгандро иҷро ва қабл аз нимашаб дастуруламал ҷадиде барои вазорати додгустарӣ содир кард ва гуфт: «бад-ин васила ман дастури Салли Йетс, додситони қаблиро лағв мекунам ва аз тамоми ҳамкорони вазорати додгустарӣ мехоҳам ба вазоифи худ амал карда, аз дастурҳои қонунии раёсатҷумҳурӣ дифоъ кунанд».

Дар баёнияи Кохи Сафед зимни интиқоди шадид аз хонум Йетс омадааст «ӯ дар мавриди марзҳо ва муҳоҷират бисёр заиф амал кардааст. Акнун вақти ҳифозат аз кишвар аст. Иттихози иқдомоти шадидтар дар мавриди афроде, ки аз 7 кишвари хатарноки ҷаҳон ба Амрико сафар мекунанд, як амали ифротӣ нест. Ин амале мантиқӣ ва лозим барои ҳифозат аз кишвар аст».

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?
Яндекс.Метрика