Tuesday, March 17, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетҚимати сӯзишворӣ дар Суғд боз поинтар рафт

Қимати сӯзишворӣ дар Суғд боз поинтар рафт

Дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории вилояти Суғд нархи гази моеъ нисбат ба дирӯз 20-30 дирам поин рафтааст.

Ба иттилои хабаргузории Суғднюз, имрӯз, 10-уми марти соли 2023 дар дисплейҳои электронии нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории шаҳри Хуҷанд як литр гази моеъ бо нархи 3 сомонию 80 дирам то 3 сомонию 90 дирам ба фурӯш меравад, ки пештар арзиши ин навъи сӯзишворӣ  то 4сомонию 10 дирамро ташкил медод.

Нархи сӯзишвории дизелӣ низ дар муқоиса бо ҳафтаи гузашта 30 дирам поин рафтааст.

Ҳоло 1 литр сӯзишвории дизелӣ бо қимати 11сомонию 50 дирам фурӯхта мешавад.  Бензини тамғаи АИ92 бо нархи 8.00 сомонӣ ва АИ95 ба 8 сомонию 20 дирам фурӯхта мешавад.

 Коршиносон гуфтаанд, тағйирёбии нархи сӯзишворӣ ва равғанҳои молиданӣ ба ҳаҷми воридоти сӯзишворӣ ба кишвар рабт дорад.

 Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон, тибқи иттилои расмӣ, беш аз 60 дарсади мошинҳо аз гази моеъ истифода мекунанд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular