Tuesday, March 17, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетДар сарҳади Суғду Фарғона маркази тиҷоративу логистикӣ месозанд

Дар сарҳади Суғду Фарғона маркази тиҷоративу логистикӣ месозанд

Дар сарҳади вилояти Суғди Тоҷикистон ва вилояти Фарғонаи Узбекистон маркази тиҷоративу логистикӣ бунёд мегардад. 

Ҳайати вилояти Суғд бо раҳбарии раиси ин вилоят Раҷаббой Аҳмадзода дирӯз 13 март ба вилояти Фарғонаи Узбекистон сафар карда, дар маросими оғози сохтмони Маркази тиҷоративу логистикии «Андархон» ширкат кардд. Дар ин бора Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.

Дар маросими оғози корҳои сохтмонӣ ҳокими вилояти Фарғона Хайрулло Бозоров, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода, соҳибкорону тоҷирони вилоятҳо иштирок намуданд.

Гуфтанист, Маркази тиҷоративу логистикии «Андархон» дар масоҳати 5 гектар бунёд гардида, дар он 200 дӯкони савдо, бонк, ошхона, қаҳвахона, меҳмонхона ва маркази логистикӣ ҷойгир карда хоҳад шуд. Бо фаъол шудани марказ дар он маҳсулоти дар корхонаҳои ду вилоят истеҳсолшаванда ба фурӯш бароварда мешавад.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular