Дар 10 моҳи аввали имсол 32 миллиону 523 ҳазору 239 рубл (қариб 3 млн 721 ҳазор сомонӣ) музди кори пардохтнашудаи муҳоҷирони тоҷик дар Русия ба онҳо бозгардонида шудааст.
Дар ин бора имрӯз, 30-юми октябр Намояндагии Вазорати кору муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия хабар дода, гуфт, ки ин миқдори пулро дар пайи муроҷиати шаҳрвандони Тоҷикистон аз корфармоён дар Русия рӯёнда, ба онҳо баргардонидааст.
Намояндагӣ, ҳамчунин, муддаӣ шуд, ки дар 10 моҳи соли равон 9 ҳазору 52 муҳоҷири тоҷикро дар Русия бо ҷойи кор таъмин кардааст.
Ин ниҳод афзудааст, ки муҳоҷирони тоҷик барои мусоидат кардан ба дарёфти ҷойи кор ва гирифтани машварати ҳуқуқӣ метавонанд тариқи суроға ва рақамҳои зерин дар соатҳои корӣ (аз соати 9:00 то 18:00) ба Намояндагӣ муроҷиат кунанд.
- шаҳри Маскав, кӯчаи Чаянова, 3/40, +7 (495) 967-98-44, +7 (999) 912-58-68.
Бояд гуфт, ки соли гузашта бо кумаки Намояндагӣ, 33 миллиону 93 ҳазору 496 рубл (наздики 3 миллиону 900 ҳазор сомонӣ) маоши пардохтнашудаи муҳоҷирони тоҷик аз корфармоёни рус рӯёнда шуда буд.
Чанде пеш, Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия ба муҳоҷирони тоҷик тавсия дода буд, ки ҳангоми пардохт нашудани маошашон бо ариза ба Хадамоти назорати давлатии меҳнат, Додситонӣ ва додгоҳҳои Русия муроҷиат кунанд. Ин ниҳод гуфт, ки муҳоҷирон нахуст бо пешниҳоди ариза аз корфармо талаб кунанд, то маошро бипардозад. Вале дар сурати идомаи қонуншиканӣ, онҳо метавонанд ба мақомоти мазкур шикоят баранд.
Дар Русия ҳазорҳо муҳоҷир аз Тоҷикистон дар соҳаҳои гуногун, мисли сохтмону хидматрасонӣ кор мекунанд, ки гоҳо аз пардохт нашудани маоши худ аз сӯи корфармоён ва ё фишору таъқиб аз сӯи кормандони мақомоти қудратии ин кишвар нигаронӣ мекунанд.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.


