Равшан Азизов, сокини 21-солаи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд, баъд аз ду моҳи даъват ба артиш ва хидмат дар қисми “0438”-и нирӯҳои марзбонӣ дар шаҳри Хоруғ бар асари беморӣ даргузаштааст.
Мақомот мегӯянд, ӯ саратони гулӯву бинӣ буд. Пайвандонаш иддао доранд, ки Равшан Азизов пеш аз рафтан ба артиш ҳеч дард надошт ва зоҳиран дар шароити бади хидмат мариз шудааст. Коршиносон мепурсанд, ки агар ин ҷавон бемор буд, чаро ҳангоми фиристодан ба артиш табибон дақиқ накарданд.
Азизовро моҳи октябри соли 2019 ба хидмати ҳарбӣ фиристодаанд ва ӯ рӯзи 17-уми декабр дар бемористон даргузашт. Мақомоти Додситонии ҳарбии Тоҷикистон ба падари сарбоз гуфтаанд, ки марги ӯро таҳқиқ мекунанд.
Уктамҷон Исоев, падари сарбоз, рӯзи 5-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфтааст, Равшан Азизов писари ягонаи оила буд ва мақомот ҳақ надоштанд, ӯро ба артиш фиристанд. Комиссариати ҳарбии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳанӯз моҳи августи соли 2019 дар як санад тасдиқ кардааст, ки Азизов писари ягонаи хонавода аст.
Бар асоси қонун дар Тоҷикистон писарони ягонаи оилаҳо ба хидмати ҳарбӣ ҷалб карда намешаванд, аммо маълум нест, ин ҷавон чӣ гуна ба артиш бурда шудааст. Уктам Исоев иддао дорад, ки писарашро бо фиреб ва маҷбурӣ ба артиш фиристодаанд ва талошҳояш барои бозгардондани ӯ бенатиҷа буд.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

