Thursday, April 23, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетШумори қурбониёни вируси короно дар Чин ба 909 нафар расид

Шумори қурбониёни вируси короно дар Чин ба 909 нафар расид

Дар Чин тайи 24 соати ахир 97 тани дигар бар асари вируси короно ҷон бохтанд ва шумори қурбониёни ибтило ба ин беморӣ дар ин кишвар ба 909 нафар афзоиш ёфт. 

Комиссияи беҳдошти миллии Чин эълом кард, ки тайи 24 соати ахир 97 тани дигар дар ин кишвар бар асари вируси короно (2019-NVOC) ҷон бохтанд ва шумори қурбониёни ибтило ба ин беморӣ ба 909 нафар афзоиш ёфт. 

Бар асоси ин баёния, теъдоди мубталоён ба ин вирус 40 ҳазору 171 нафар эълом шуд, ки вазъияти 6 ҳазору 500 нафар аз ин афрод вахим аст. Теъдоди афроди машкук ба ибтило ба вируси короно низ 23 ҳазору 657 нафар эълом шуд. 

Ин дар ҳолест, ки теъдоди афроди таҳти муроқибат ба 189 ҳазору 589 расидааст. 

Гуфтанист, вируси ҷадиди короно барои аввалин бор 12 декабр дар шаҳри Вуҳони Чин шиносоӣ шуд. Комиссияи беҳдошт ва дармони шаҳрдории Вуҳон дар 31 декабр, эълом кард, ки 27 нафар, ки бо бозори ғизоҳои дарёии шаҳр дар иртибот буданд, ба ин “бемории мармуз” мубтало шуда ва ин бозор баста шудааст. Вируси короно дар бештари шаҳрҳои Чин мушоҳида шуд. Давлати чин ба манзури пешгирӣ аз густариши он ҳамлу нақли умумӣ дар 13 шаҳрро муваққатан мутаваққиф кард. 

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular