Friday, April 24, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетОё эътирози маданӣ дар Тоҷикистон натиҷа медиҳад?

Оё эътирози маданӣ дар Тоҷикистон натиҷа медиҳад?

Ҳарчанд эътирози маданӣ ва натоиҷи он таҷрибаи тӯлонии башар бо натоиҷи хиракунандае аст, дар Тоҷикистон аз он кам сӯҳбат мекунанд ва камтар ба он даст мезананд. Чунин навъи эътироз Ҳиндро ба истиқлолият расонд. Нелсон Монделло баъди муборизоти мусаллаҳона рӯ ба эътирозҳои маданӣ овард ва муваффақ ҳам шуд. Мартин Лутер Кинг ҳам дар Амрико аз ин равиш тавонист ба бартарии нажодии сафедпустон бар сиёҳпустон хотима бахшад.

Дар бештари кишварҳои дунё эътирози маданӣ чун абзори фишори ҷомеъа ба ҳукумат истифода мешавад. Ҳатто ҳукуматҳои диктотурӣ ва мустабид борҳо маҷбур ба ақибнишинӣ дар паи ин гуна эътирозҳо шудаанд. 

Аммо чаро дар Тоҷикистон ҳатто аз ин содатарин навъи эътироз парҳез мекунанд?

Бобоҷон Қаюмзод, равоншинос ва фаъоли сиёсӣ мегӯяд “мардуми моро дар мактабҳо ва донишгоҳҳо ғуломтабиат тарбия мекунанд. Коре мекунанд, ки талаба ё донишҷӯ танҳо ончиро бипазираду бигуяд, ки муаллим ва масъул ё бузургтар мегӯяд. Ин боис мешавад, ки инсон дар оянда қудрати тафаккури интиқодиашро аз даст бидиҳад ва ба як шахси тобеъу сарбазер табдил ёбад. Чунин ашхос маъмулан то ҳадди имкон даст ба эътироз намезананд”. 

Ӯ ҳамчунин ба ин назар аст, ки “мардуми мо то ҳол бо равишҳои эътирози маданӣ чандон ошно нестанд. Ба назар мерасад шахсе ба мисли Мартин Лутер Кинг дар ҷомеаи имрӯзи мо намерасад. Лутер Кинги кашиш тавонист бо суханрониҳояш ҷунбишеро роҳандозӣ кунад, ки оқибат баробарии сафедҳо ва сиёҳонро ба натиҷа бирасонад. Ҳамчунин аз лиҳози равонӣ зеҳни мардуми моро тавре сохтаанд, ки ҳар навъ эътирозеро баробар бо ҷанг ва нооромӣ медонанд. Ин тарс дар зеҳни аксарият ҳоким аст.”

Ба андешаи Қаюмзод вуҷуди фазои руъбу ваҳшат дар ҷомеъа ҳам таъсири худро гузоштааст. “Мардум ба ҳадде метарсанд, ки ҳама бовар доранд агар эътироз кунанд онҳоро хоҳанд кушт. Ҳукумат муваффақ шудааст чунин даҳшатро дар зеҳни аксарияти мардум ҷо кунад”- мегӯяд ӯ.  

Сабаби дигар ба андешаи равоншинос ин аст, ки ҷавони имрӯзи тоҷик аз нигоҳи равонӣ мавқеъ ва ҳуқуқи худашро дар ҷомеа танҳо ба андозаи як муҳоҷири корӣ мебинад ва аслан барои худаш ҳуқуқе қоил нест, ки барои талаби он ба фикри эътироз бошад. 

Аммо, бояд гуфт, ҷомеъаи Тоҷикистон дар авохир шоҳиди аввалин эътирозҳои маданӣ ва натиҷаи он шуд. 

Эътирози аввал алайҳи болобарии нархи симкортҳо буд. Бо пешниҳоди қудои тибқи баъзе маълумотҳо аллакай собиқи раисҷумҳур Бег Сабур, ки ҳанӯз қудо буд ва мавриди хашми Эмомалӣ Раҳмон қарор нагирифта буд, қимати як симкорт 250 сомонӣ муайян карда шуд. Бег Сабур, ки тамоми соҳаи телекоммуникатсияро монополия кардааст, мехост аз ин роҳ ҳам даромади муфт ва ҳангуфте ба даст орад. Тибқи маълумотҳои бадастовардаи Паём, вазири корҳои дохила Рамазон Раҳимзода низ дар ин пружа манфиъат дошт. 

Бо вуҷуди эътирозҳои зиёд дар шабакаҳои иҷтимоӣ, Бег Сабур ин қарорро имзо кард ва расман нархи симкорт 250 сомонӣ муқаррар гардид. Мақомот ин тасмимро “пешгирӣ аз истифодаи симкортҳо аз тарафи террористон” номида, чанд баҳонаи хандаовари дигар ҳам пеш оварданд. Аммо баъди имзои қарор аз тарафи Бег Сабур, ҳарчанд гурӯҳи бузурге аз мардум ба намояндагиҳои ширкатҳои мобилӣ рехтанд ва симкортҳояшонро аз нав ба қайд гиранду аз падохти 250 сомонӣ раҳо ёбанд, қисмати дигар ба эътирози маданӣ даст заданд. 

Бо ибтикори фаъолони мухолиф ба бархе фаъолони ҷомеъаи шаҳрвандӣ, ки дар хориҷ ба сар мебаранд, чанд флеш-моб, имзоҷамъоварӣ, эътирозҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва ғайра роҳандозӣ шуд. Ин маъракаҳо аз тарафи фаъолони дохилӣ ҳам, ҳарчанд бо эҳтиёт, дастгирӣ ёфт ва кам-кам мардум ҳам шурӯъ ба эътирозҳо дар шабакаҳо карданд. Бархе эълон намуданд, ки бе сим-корт мемонанд, аммо онро аз нав ба қайд намемонанд ва ба 250 сомон симкорт намехаранд. 

Чун садоҳо боло рафтан гирифтанд ва хавфи эътирозҳо ба шаклҳои дигар падид омаданд, ҳукумат, бахусус раиси он Эмомалӣ Раҳмон ки то ин замон гӯё аз ин ибтикори Бег Сабур хабар надоштанд, вориди кор гашта, қарори раиси Хадамоти алоқаро ғайриқонунӣ эълон ва бекор намуд. Ин аввалин пирӯзии ҷомеъаи шаҳрвандӣ бар ҳукумат буд, ки хелеҳоро ба муборизаи маданӣ дилгарм кард.

Эътирози дуввум ба боло бурдани қимати интернет буд. Мақомот тасмим гирифта буданд қимати интернет дар кишварро аз ду то 5 баробар боло баранд. Инро ҳам бархе тасмими шахсии Бег Сабур бо ҳамдастӣ ба раиси Кумитаи андоз Нусратулло Давлатзода, аммо бархе дигар тасмим мустақими ҳукумат ва шахси раисҷумҳур медонанд. Ҳоло муҳим нест тасмим аз куҷо сарчашма мегирифт, чун мавзӯъи мо ин нест. Мавзӯъ эътирозест, ки ин тасмимҳо ба вуҷуд оварданд.

Чун фаъолони мухолифин, ҷомеъаи шаҳрвандӣ ва бархе аз фаъолони шабакаҳои иҷтимоӣ аз пирӯзии аввал рӯҳия гирифта буданд, эътирозҳо алайҳи боло бурдани қимати интернет зуд оғоз гардида, чанд роҳи таҷрибашудаи эътироз истифода шуданд. Рӯҳия гирифтани мардум аз пирӯзии аввалро бо ин ҳам метавон шарҳ дод, ки усули нави эътирози маданӣ – имзоҷамъкунӣ дар хиёбонҳо роҳандозӣ шуд. Санд хонум ба ин ибтикор даст заданд, то ҳаде, ки мақомоти амниятиву интизомиро ба таҳлука андохтанд. Ин ибтикори ҷавонзанон ба ҳазорҳо нафар рӯҳия бахшид ва эътирозҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ бештару садояшон баландтар гардиданд. Имзоҷамъкунӣ дар хиёбонҳо то ҳаде мақомотро тарсонд, ки ба посухҳои ғайриҳирфаӣ ва шармовар даст зада, ба яке аз ин занон тӯҳмати фаҳш карданд.

Вале бо вуҷуди ин фишорҳо, эътирозҳо рӯз то рӯз бештар ва намудҳояшон гуногуниар шудан гирифтанд. Барои мисол, бархе аз корбарон маслиҳат медоданд, чӣ гуна мешавад симкортҳои ҳамсоякишварҳоро харида аз интернети он истифода кард. Чанд рӯзи пофишории мақомот болои ин тасмим боис шуд чанд роҳи убур кардани интернети шабакаҳои Тоҷикистон пешниҳод шавад ва ҳазорҳо нафар соҳиби симкортҳои қирғизӣ ва ҳатто ӯзбекӣ шаванд. 

Ин дафъа ҳам ҳукумат ба эътирозҳои маданӣ муқобилият карда натавонист ва маҷбур ба ақибнишинӣ кард. Раиси Агентии зиддиинҳисорӣ гунаҳкор эълон ва ба вазифаи… баландтар гузаронида шуд. 

Охирин пирӯзии мардум бо эътирози маданиро метавон азнавбақайдгирии симкортҳо бо шиносномаҳои нав донист. Аз аввал маълум буд, ки ин тасмим бидуни таҳлил ва бо фармони кадом нафари ғайриҳирфаӣ гирифта шудааст. Чун дар фурсате, ки мақомот муайян карда буданд, имкони гирифтани шиносномаи плостикӣ ва аз нав ба қайд мондани симкортҳо барои ними аҳолӣ вуҷуд надошт. Эътирозҳо ё набудани имкон мақомотро маҷбур кард ду маротиба мӯҳлати азнавбақайдгирии симкортҳоро дароз кунанд. Дар ин муддат танҳо онҳое, ки аз шабакаҳои иҷтимоӣ истифода намекунанд ва аз ду пирӯзии аввал хабар надоштанд бо истодан зери офтоби сӯзон ва ҳафтаҳо навбатпоӣ шиносномаҳояшонро иваз ва симкортҳояшонро аз нав ба қайд монданд. Аммо онҳое, ки дарёфтанд бо эътирози маданӣ мешавад ба натиҷае расид, аз рафтан ба шӯъбаҳои шиносномадиҳӣ худдорӣ карданд ва беш аз ду миллион симкорт ба қайд гирифта нашуд. Таҳдиди мақомот мабнӣ бар лағви ин симкортҳо ҳам амалӣ нашуд, чун ин кор бар зарари худи мақомот аст. 

Ҳоло бо “ташшаббус”-и “пешвои миллат”, ки аз мушкил баъди ним сол гӯё хабар ёфтааст, муддати азнавбайақдгирии симкортҳо барои ду соли дигар дароз карда шуд. Ва боз, баъди ду соли дигар ҳам тамдид хоҳад шуд. 

“Эътирози маданӣ аслан як шеваи хушунатпарҳез аз мубориза аст, ки дар муқобили ҳукуматҳо роҳандозӣ мешавад ва дар ин навъи эътироз муътаризон талош мекунанд қобилияти иҷрои қонунеро тазъиф кунанд” – мегӯяд Бобоҷон Қаюмзод. 

Ӯ ба ин назар аст, ки ҳарчанд ҳукумат дар Тоҷикистон ҳар нав рӯҳияи эътирозро мекушад, барои муҳоҷирон дар Русия то ҳаде ин зеҳният сохта мешавад: “Вақте шиканҷа, таҳқир ва азобҳои ғурбатро мечашад ба фикр меравад ва андешаи эътироз дар ӯ шакл мегирад. Дар ҳоли ҳозир шабакаҳои иҷтимоӣ ҳатто нақши Лутер Кингу Гандиро ҳам бозӣ мекунанд. Умедворем ин бедорӣ ҳарчи зудтар фарогир шаваду мардуми мо ҳам таъсири эътирозҳои маданиро дарк кунанд”. 

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular