Friday, April 17, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетБаъди ташхиси коруно ва бе телефон. Табибон фардо ба вохӯрии Раҳмон мераванд

Баъди ташхиси коруно ва бе телефон. Табибон фардо ба вохӯрии Раҳмон мераванд

 Раисҷумҳури Тоҷикистон фардо бо кормандони тиб вохӯрӣ анҷом медиҳад. Қарор аст дидори Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони тиб дар Кохи Борбад баргузор шавад ва соати 8 бо вақти Душанбе шурӯъ мешавад.

Дар нусхаи даъватномае, ки ба дасти Паём расид гуфта шудааст, ки табибон бояд шиноснома бо худ дошта бошанд ва то соати 7.00 вориди толор шаванд. Даъватнома аз номи Дастгоҳи раисҷумҳур фиристода шудааст.

Тибқи иттилоъи манбаъи Паём, аз ҳамаи онҳое, ки ба вохӯрӣ даъват шудаанд, ташхиси вируси COVID-19 гирифта шуда, даъватномаи онҳое, ки ташхисашон мусбат баромада, лағв шудааст. 

Мақомоти Тоҷикистон дар ҳоле табибонро ба вохӯрӣ ба раисҷумҳур даъват мекунанд, ки бештари онҳо аз 1 то 3 моҳонаи худро дарёфт накардаанд.

Ҳамчунин иловапулие, ки раисҷумҳур барои се моҳ ба табибон ваъда кард, ҳанӯз ба дасти онҳо нарасидааст. 

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular