Friday, April 24, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетРусия заҳролудшавии Навалнийро рад мекунад

Русия заҳролудшавии Навалнийро рад мекунад

Мақомоти Русия ин иттиҳомро, ки раҳбари мухолифон Алексей Навалний махсус заҳролуд шудааст, қабул надоранд ва даъвати барпо кардани таҳқиқи ҷиноии ин қазияро рад карданд.

Навалнии 44-сола баъди он ки дар як сафараш дар Сибир ҳолаш бад шуд, барои муолиҷа ба беморхонаи “Шерите”-и Берлин интиқол ёфт.

Дар изҳороти рӯзи 24 августи маъмурияти беморхонаи олмонӣ гуфта шуд, ки Навалний заҳролуд шудааст.

Дар пай кишварҳои ғарбӣ аз Русия тақозо карданд, ки таҳқиқи ҷиноии ин ҳодисаро ба роҳ монанд. Вале Русия пофишорӣ дорад, ки шарт нест, ки Навалний қурбонии як заҳролудшавии махсус шуда бошад ва ин мавқеъро мақомот ва ҳам табибон дар Русия пуштибонӣ мекунанд.

Дар ҳамин ҳол, раиси Думаи давлатӣ гуфт, ки таҳқиқи эҳтимолияти аз ҷониби кишварҳои хориҷӣ заҳролуд шудани Навалнийро ба роҳ мемонад. Сухангӯи Навалний Кира Ярмиш ин изҳоротҳоро ҳамчун “аҳмақӣ” рад кард.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular