Аз аввали соли 2025, бо сабаби тағйири нишондиҳандаи ҳисобӣ аз 72 ба 75 сомонӣ, ҷаримаҳои нав дар Тоҷикистон расман эътибор пайдо карданд. Ин тағйирот ба ронандагон ва дигар шахсони ҳуқуқӣ, ки қоидаҳои нақлиётиро вайрон мекунанд, таъсири зиёд мерасонад.
Ҷаримаҳои нав барои вайронкунандагони қонун
Вайрон кардани қоидаҳои интиқоли борҳои хатарнок, калонҳаҷм ва вазнин:
🔹 Барои шахсони оддӣ: аз 3750 то 5250 сомонӣ
🔹 Барои шахсони мансабдор: аз 9000 то 11 250 сомонӣ
🔹 Барои шахсони ҳуқуқӣ: аз 22 500 то 30 000 сомонӣ
Набудани муоинаи техникӣ:
🔹 Ҷарима: 225 сомонӣ
Рондани воситаи нақлиёт бидуни суғуртаи ҳатмӣ:
🔹 Ҷарима: 75 сомонӣ
Барои баланд кардани суръат:
🔹 Ҷарима: аз 75 то 225 сомонӣ
Барои вайрон кардани қоидаи пеш гузаштан:
🔹 Ҷарима: аз 225 то 375 сомонӣ
Чӣ бояд кард?
Ронандагон бояд эҳтиёткор бошанд ва қоидаҳои ҳаракати роҳро қатъиян риоя кунанд, то аз хароҷоти изофӣ пешгирӣ намоянд. Ҳамчунин, муоинаи техникии мошинҳо ва суғуртаи ҳатмиро саривақт анҷом додан лозим аст.
Ин тағйирот ба ҳадафи беҳтар кардани бехатарии роҳҳо равона шудааст, аммо ронандагон бояд ба шароити нав мутобиқ шаванд.
Больше на Хабарҳои Тоҷикистон – Садои мустақили мардум
Subscribe to get the latest posts sent to your email.