Эмомалӣ Раҳмон хостори мулоқот бо фаъолони Душанбе шудааст. Ин хостаи Раҳмон хелеҳоро дар ҳайрат гузоштаву баъзеи дигар ҳам онро як амри оддӣ ва барои муаррифӣ ва кумак ба Рустами Эмомалӣ таъбир кардаанд. Хелеҳо ин саволро матраҳ кардаанд, ки ҳадаф аз ин мулоқот чист ва фаъолон гуфта киро дар назар доранд?
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳам баҳси доғе атрофи он сурат гирифтааст. Бештари мардум бар ин бовар ҳастанд, ки дар чунин нишастҳо бештар директорони мактабҳову раисони маҳлу чиновникҳои давлатӣ даъват мешаванд на фаъолони воқеии ҷомеа. Бархеҳо ҳатто навиштаанд, ки аллакай барои ин ҷаласа “репититсия” рафтаистодааст. Бинобарин мисли ҳар ҷаласаи дигар ин бор ҳам маҷлиси таърифу тамҷиди Раҳмон мешавад на чизи дигар. Фақат фарқаш он аст, ки ҳангоми таърифу тавсиф инбор Рустам ҳам дар канори Раҳмон хоҳад буд. Ин нишаст бештар ба хотири эътибор ва ҷойгоҳи Рустамро боло бурдан аст. Яъне бо ин кор ба назар мерасад Раҳмон роҳро барои писараш ҳамвортар кардан мехоҳад.
Аз тарафи дигар пас аз рафтани Убайдуллоев сармоягузорӣ ба шаҳри Душанбе ва базе масоил бештар хоҳад шуд. Рустам дар кутоҳтарин муддат ва дар ҳамин Душанбе бояд “шоистагиҳояшро” ба намоиш бигзорад. Яъне дар чанд соли оянда шояд дар баъзе масоил дар шаҳри Душанбе корҳои назаррас анҷом шавад. Барои ин будҷаи кишвар, ки дар ихтиёри Раҳмон ва оилааш ҳаст метавонад ба кумаки Рустам биёяд. Рустам бо харҷи маблағҳои калон метавонад ба камбудиҳои фикриву идории шахсиаш сарпуш бигзорад. Дар ҳоли ҳозир тамоми талоши Раҳмон барои шахсиятсозии Рустам равона шудааст.
Аммо Раҳмон аз чӣ нигарон аст?
Раҳмон медонад, ки пас аз марги ӯ кори Рустам осон нахоҳад буд. Ба хусус тақдири хонаводаи Каримов пас аз маргаш ӯро бештар нигарон кардааст. Аммо нигаронии бештари Раҳмон аз вазъияти дохилии оилааш аст. Аксарияти мардум медонанд, ки Ҳасан Асадуллозода яке аз шахсиятҳои бонуфузи Тоҷикистон ва додараруси Раҳмон аст. То чанд сол пештар ҳамаҷо гап дар бораи ӯ ва ғасби имконоту сармояҳои кишвар буд. Ӯ чортараф тохту тоз мекарду ҳаркоре мехост анҷом медод. Аммо якбора дар ҷомеа камнамо ва гумном шуд. Чаро ҳоло дар бораи ӯ касе гап намезанад ва тақрибан дар Ориёнбонк маҳдуд мондааст?
Пас аз як ҷанҷоле, ки байни Ҳасан ва Рустам сурат гирифт, хелеҳо бар ин боваранд, ки Ҳасан аз ҳамон вақт ба баъд ба ҳошия ронда шуд. Аммо пас аз қазияи Зайд Саидов вазъияти Ҳасан боз ҳам бадтар гардид. Зеро хелеҳо бар ин бовар ҳастанд, ки Зайд Саидов бидуни онки аз ҷонибҳои бонуфузи наздик ба оила агар ишорае дарёфт намекард, бо ин итминон вориди сиёсат намешуд. Ҳатто овозае ҳам буд, ки дар ин кор Зайд Саидов машварати Убайдуллоев ва Ҳасанро гирифтааст ва онҳо ҳам аз ин иқдоми Зайд Саид ҳимоят кардаанд.
Тамоми инҳо нигаронии Раҳмонро аз ояндаи хонаводааш бештар кардааст. Раҳмон бештари мансабҳо ва имконоти иқтисодиро дар ихтиёри наздикони хонаводааш қарор дод, то барои фарзандонаш як ҳошияи амн эҷод кунад, аммо ин кор боиси пайдо шудани рақибони нав дар дохили хонавода гардид. ҳоло дар дохили хонавода ёргириҳое низ сурат мегирад.
Рустам ҳоло ҷавон аст ва ёргириҳои дохили хонаводагӣ ва атрофиёнашро дуруст дарк намекунад. Аммо Раҳмон ин хатарро хеле сахт дарк кардааст. Ба ҳамин хотир мехоҳад Рустамро бештар ҳамроҳӣ кунад ва ба ҳама муаррифӣ кунад. То дар оянда касе ҷуръати муқобила бо ӯро надошта бошад.
Ин талаби мулоқот бо фаъолон ҳам дар асл бар асоси ҳамин нигарониву тарс аз ояндаи оила аст на чизи дигар.
Умеди Собир