Ба номи Худованди бахшанда ва бениҳоят меҳрубон
Бону Идигул Қосимзода мо як гурӯҳ духтарони гуфти шумо «хурофотпарасту бесавод» ба шумо, ки худро як кадри ҷавон ва соҳибмаърифат меномед, муроҷиат карда гуфтанием: Либоси миллии тоҷикӣ на танҳо ба шумо, балки ба тамоми тоҷик новобаста аз синну сол зебанда ҳаст, аммо аз он либоси миллии воқеъӣ дар симои шумо нишоне намебинем. Шумо қайд кардед, ки занони кӯҳистон либоси миллиро ба бар кардаанд. Рӯймолро низ шумо ҷузъи либоси миллӣ шуморидед, пас чаро на дар шумо ва на дар афроди назди шумо ин ҷузъи либоси миллӣ дида намешавад? Боз шумо гуфтед: «мо дар ҳақиқат солхурда ҳам доштем, солхурдаи мо чӣ гуна либос мепӯшид? Модаронро ба ёд биорем, бибиҳоямонро ба хотир биорем? Мо хуб медонем, ки онҳо чӣ гуна либос мепӯшиданд.” Дар ин ҷо суол ба миён меояд, ки оё он муди либоспӯшие, ки шумо ва атрофиёнатон ба бар кардаед, онҳо доштанд? Шояд шумо дар ҷавоб бигӯед, ки шумо корманди давлатӣ ҳастед. Пас ҷавоби мо ба шумо чунин хоҳад буд: Мо дар ҳақиқат ҳам кормандони давлатие ҳам доштем. Кормандони давлатии он замон чӣ гуна либос мепӯшиданд, онҳоро ба ёд биоред! Ба таъкиди худатон шумо танҳо дар рӯзҳои истироҳат он(либоси миллӣ)-ро ба бар мекунед, пас аз суханҳои шумо бармеояд, ки либоси миллиро шумо ва ҳамкорони шумо ҳамчун либоси истироҳатӣ ба бар мекунед, на ҳамчун либоси миллии расмиву доимӣ! Сухан аз хурофот мезанед, ҳол он, ки худ ғарқи хурофот ҳастед. Ин, ки гуфтед «сатри зан сабаби майнӯшии мард гашт», супердуруғи сол аст! Сатри зан сабаби майнӯшии мард шуда бошаду ва ҳам он мард ҳалли ин мушкилияшро дар муроҷиат ба Шумо дида бошад, пас дар мардонагиву ҳуввият ва номуси тоҷикӣ доштани он мард мо шубҳа дорем. Зеро ин амали мардеро, ки Шумо нақл кардед, созгор ба иқдоми марди тоҷик нест. Ҳамзамон зикр кардед, ки ҳавои Ватани азизамон хеле гарм аст ва он мутобиқ барои сатр пӯшидан нест. Дар бораи он зане, ки ҳиҷоб пӯшидан сабаби гирифтори касалии табобатнашавандаи пуст шудааст, қисса кардед. Ин афсонаи шумо на танҳо ба калонҳо, балки барои кӯдакон ҳам бовар накарданист. Чӣ гуна метавон бо пӯшидани як порча матоъи хеле тунук ба чунин беморие мубтало шуд? Илова бар ин он мутахассис кӣ ҳаст, ки ба занҳо тавсия медиҳад дар ҳавои гарм рӯймол ба сар накунанд? Вай чӣ гуна мутахассис аст, ки намедонад бисёри касалиҳои пуст аз таъсири ҳавои гарм ва шуъои нури офтоб пайдо мешаванд. Маҳз ҳамон рӯймол аст, ки аз шуъои офтоб пусти нозуки занҳоро ҳифозат мекунад. Барои ёдовар шуданатон модарону бибиҳои пахтачинро мисол меорем, ки дар ҳавои гарму сӯзон ба хотири ҳифзи пусти нозуки сару рӯяшон худро чӣ гуна бо рӯймол мепечонанд. Ба маълумоти шумо мерасонем, ки дар дунё ягон сехи дӯзандагие нест, ки либосҳои таҳия кардаашро хос барои пайравони як дин дӯзад ва пӯшидани онҳоро барои дигарон ҳаром эълон кунад. Бар иловаи ин, ҳамон брендҳои либосе, ки шумо аз онҳо харидорӣ карда, либос мепӯшед, шояд хеле аз фоҳиша ва сабӯкпоҳои дунё низ аз ҳамон брендҳо либос харида пӯшанд, пас оё ин маънои онро дорад, ки онҳо ҳама ҳамкасбони шумоанд ё баръакс шумо ҳам фоҳишаву сабӯкпо ҳастед? Мо ҳеч намефаҳмем, ки чаро як тика порча боиси ин ҳама нафрат ва ихтилоф мешавад. Охир, чаро? Шумо фикр мекунед, ки мо дар пӯшидани он маҷбурем? Чун шавҳарону падарон ва бародаронамон моро маҷбур кардаанд? Не, иштибоҳ мекунед! Мо ин сарандоз, ҳиҷобу рӯсарӣ ва ё рӯймолҳои калонро ба хотири ризои Худо ва муҳаббате, ки ба дини Ӯ таъоло дорем, ба сар мекунем. Ин фармон барои мо аз болои ҳафт осмон содир шудааст ва чун Ӯ фармонравои дунёву охирати мо аст, мо бо камоли майл ба он амал мекунем. Мо хуб медонем ва имони комил ҳам дорем, ки ҳар чӣ барои мо амру наҳй кардааст, сирф ба хотири ҳифзи манофеъи мо, ба хотири саломатии мо ва ҷомеаи мо мебошад. Бар хилофи ҳуқуқҳои кониститутсионӣ ва ҳаққи шаҳрвандиву озодиҳои инсонӣ ин шумо ва ҳамандешагони шумо ҳастед, ки гаҳе бо ифроту тафрит ва гоҳе ҳам бо таҳдиду таъқиб ва билохира бо фишору зӯргӯӣ моро маҷбур мекунед, ки ҳиҷобро аз сарамон дур афканем. Ин Шумо ҳастед, ки бо суистифода аз мақому мансабатон тамоми муқаддасоти милливу динии моро поймол намуда мехоҳед, мо мисли худатонбаринҳо нимаурён бошем. Нимаурёнӣ ва сари лучи худ ва ҳамандешагонатонро ҳуввияту баномусӣ ҷилва дода русариву сарандози модари тоҷикро моли бегона меҳисобед. Аз таърих ҳам чанде ҳарф задед. Кай дар бораи кадом модари гузаштаи тоҷик медонед, ки мисли шумо нимаурёну сарлуч пеши ҳазорон кас баромада гап мезад? Дар бораи либоси корӣ гап задед. Пас Шумо ва ҳамандешагонатон фақат фориғ аз кор тоҷику мусалмон мешавед, ки дар ҳолати корӣ аз пушидани либоси миллӣ нангатон меояд? Ваё низоми кории шумо ин худ ҳаминаст, ки бо либосҳои бегонаи аврупоӣ ҳатман дар ҷои кор бошед? Бо ин амали худ оё ин худи шумо бегонапараст нестед? Шумо, ки ҳар ҳафта чандин меҳмонони хориҷиро ба ҳузур мепазиред, агар Шумо худ миллатдусту ватанпарвар бошед, чаро онҳо дар тани Шумо ба ҷои либосҳои нимаурёни аврупоӣ либоси миллиро набинанд? Магар усули ҷаҳонишавӣ ин нест, ки ҳар миллат бо муқаддасот ва урфу одатҳои миллатдустона ва зебои худ, худро мазҳари ҷаҳониён ба намоиш гузорад ва ин урфу одатҳо ва зебоипарастӣ сарҳади миллатро убур намуда мақбули оламиён шавад? Дунё ҳанӯз номи ҳуқуқи занро нашунида буд, ки занони муҳаҷҷабаи мусалмон қуллаҳои маданияту пешрафт ва каромати инсониро фатҳ намуда буданд. Мо дар зиндагӣ чунин занонеро барои худ улгӯ қарор додаем ва аз онҳо пайравӣ мекунем ва роҳи мо ҳаминаст, ки роҳи саодати ҳар ду олам ҳам инаст!!! |
Введите сообщение…