Thursday, May 15, 2025
ads
HomeХабарҳоҲамлаи ифротгароёни КДАМ дар пойтахт КДАМ

Ҳамлаи ифротгароёни КДАМ дар пойтахт КДАМ

Фирори Абдураҳим Шукуров, журналист-наворбардори тоҷик аз Ватан ба ҳодисаҳои хунини моҳи сентябри соли 2015 рабт дорад. 27-уми феврали соли ҷори гурӯҳе аз ифротгароёни Кумитаи давлатии амнияти миллӣ(КДАМ)-и Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ба хонаи модари рӯзноманигор Абдураҳим Шукуров ҳамла карданд. Ифротгароёни КДАМ пас ҳамлаи ваҳшиёнаи худ модари рӯзноманигорро дар хона мавриди таҳдиду фишор қарор дода, бародарон ва писархолаи бемори Абдураҳим Шукуровро дастгир карда, ба бинои марказии ин ниҳоди давлатӣ интиқол доданд. Ба гуфтаи Абдураҳим Шукуров, ифротгароёни КДАМ бародаронаш Муҳаммадсалим Шукурову Сафар Сатторов ва писари холаашон Аҳлиддин, ки аз шаҳри Кӯлоб барои табобат ба Душанбе омада ва дар ин хона меҳмон буд, беш аз панҷ соат дар боздошт буданд. Ифротгароёни КДАМ ҳадаф аз ин боздошту таъқибу фишор ва таҳдиду зӯроварӣ болои ин хонаводаро дар даст доштани рӯзноманигор Абдураҳим Шукуров дар ҳодисаҳои сентябри соли 2015 арзёбӣ карданд. Ҳамзамон ин ифротгароён таҳдид кардаанд, ки агар ин бародари рӯзноманигорашон ҳамкориашро аз нав бо онҳо оғоз накунаду фаъолиятҳои фейсбукӣ ва танқиди ҳукуматдоронро қатъ накунад, муҷозоти пайвандонаш шидидтар хоҳад шуд. Абдураҳим Шукуров моҳи июли соли 2015 Тоҷикистонро ба қасди Русия тарк карда, ба сафи сели муҳоҷирони кории тоҷик дар ин кишвар пайваста буд. Вай тайи ду соли ахир муқими кишварҳои мухталиф, аз ҷумла Туркияв, Қирғизистону Боллорус ва айни замон паноҳҷӯи тоҷик дар Лаҳистон аст.

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?
Яндекс.Метрика