Китобхонаи Академияи улуми Тоҷикистон номи Гандиро доштааст. Ҳар касе инро шунид, ҳатман дар зеҳнаш ин суол пайдо мешавад, ки бинобар кадом хидмати Маҳатма Гандӣ ба илм тоҷик ё умуман Тоҷикистон, номи китобхонаи баландтарин ниҳоди илмӣ ба номи ӯ гузошта шудааст.
Ба ин суол, ки фаъоли ҷомеъаи шаҳрвандӣ Мирзоқул Ҳоҷиматов гузоштааст ва сабаби пайдо шудани ҳайкали Гандӣ дар Душанбе, шоир ва рӯзноманигор Исфандиёри Назар посухи ҷолибе додааст, ки салоҳ донистем нашр кунем.
Ин «номгузорӣ» ва низ он ҳайкалчаи сиёҳаки канори Сафоратхонаи Ҳинд дар Тоҷикистон «торихча»-е дорад. Қаҳратон наояд азизон, ки дар ҳукумати кишвар магар девонаанд, ки масалан чаро китобхонаи марказии Академияи улум ба номи сарвазири собиқи Ҳинд шудаву ҳайкали Гандие, ки ҳеч нақше дар ҳаёти пешину имрӯзини Тоҷикистон надорад, чаро дар шафати бемористону канори сафоратхонаи Ҳинд дар Душанбе қад кашидааст!
Ва масалан чаро номи Фирдавсии покзодро, ки рӯзгоре ҷадди аълои роҳбарони ҳозираи кишвари мо зери пои фил кардан мехост, аз китобхонаи воқеан милливу таърихии кишвар пок кардаву онро ба Палатаи ҳисобу китоб»-и даромадҳои худ табдил доданд. Қаҳратон наояд, ин ҳама дар худ «таърихча»-ҳо доранд, ки баъдан яке ё чандин тан нишаста чун торихи мукаммали ин давраи воқеан хафақоновар, шикананда, сиёҳ, муздурсозро менависанд, ба ҳар қисмати ин «таърихча»-ҳо таваҷҷуҳ кардаву бо асноди мувассақ он ҳамаро шарҳ медиҳанд.
Аммо ҳоло барои Шумо кӯтоҳи сухан аз он «торихча» ин аст, ки:
- Муҷассамаи Фирдавсӣ, ки намоди воқеъии шеъри ҷасорату шаҳомату далерии тамоми Эронзамин аст, фақат ба қасди ин, ки охундҳо пуштибони охундҳои дохилии кишвари мо дар рӯзгори худшиносии миллӣ буданду нақше ҳам дар ҷанги дохилӣ доштанд, ва ин авохир ҳам ба табъи дили инон пул надоданду «ҳамзабону ҳамториху ҳамзамин» будани худро бо сармоярезӣ ба субут нарасониданд, ибтидо аз майдон бардошта шуду ба ҷои он муҷассамаи мир Исмоил гузошта шуд. (Эродаке ҳам дорам: «Ҷурм»-и Фирдавсист, ки «Шоҳнома» навишту шоҳони қадимии сарзаминро ситош кард ва дар кишвари мо ҳам бар тибқи шоҳпарастии эшон, муҷассамаи Мири одил гузошта шуд. Яъне, миллати мо ҳамеша зӯрпарасту роҳбарпарасту шоҳпарасту… ину он аст ва аз афроде чун Коваю Муқаннаъу Шераку Мардович… Восеъу Усмонҳо, ки халқро ба муқобили шоҳон ба пой мехезонанд ва ба рашодату саркашиву ворастагиву истиқлоли воқеъӣ даъват мекунанд, хушаш намеояд. Ҳамин аст, ки масалан ҷои Фирдавсии Бузургро ҳамеша Исмоили Бузург мегирад — агарчи Исмоил хадамоти азиме анҷом дода ва агарчи хадамоти ҳеч шоҳе ба хидмати Фирдавсӣ, ки ба танҳоӣ метавонад миллати худро боз ҳазор соли дигар муаррифӣ намояд, намерасад!)
- Тандисаки сиёҳи он марди ҳиндӣ, ки ногаҳон дар канори Сафоратхонаи Ҳинд дар Душанбе як саҳар мисли чанбуч — қорч-занбуруғ (дар гӯйиши шумо ба ин меваи заминӣ ҳарчи ном баранд, худ бигӯед) рӯйид, ибтидо маро ҳам ҳайратзада кард. Баъдан, бо ҳамсуҳбат шудан ба марди огоҳе иллатро донистам.
Ҳамон шабу рӯзҳо Ҳукумати кишвари мо, ки яке аз шохаҳои аслии фаъолияту давом ёфтану боқӣ монданаш, қарзҳои азим пурсидан аз кишварҳои хориҷист, аз Ҳинд маблағаке қарздор буду мебоист онро пардозад. «Доно»-ёни ҳукумати феълӣ, ки ҳеч нияти бозпас додани воми мардумро надоштанду надоранду нахоҳанд дошт, оҷил роҳи ҳалу чим задани пеши обро, ки аз уқёнуси Ҳинд дошт ҷорӣ мешуд, пайдо карданд! «Чимтола»-е барои бастани пеши ин оби даъво беҳтар аз тандиси он марди барои торихи Ҳинд воқеан бузург ва аммо барои кишвари мо … намедонам кӣ, пайдо накарданд ва як саҳар онро сохтаву пеши он об гузоштанд!
Об истод шуд ва тоза ҳам фоидаи дигаре дар пай овард! Ҳинд на танҳо ба ивази гузоштани тандиси марди бузургаш дар Тоҷикистон аз баҳри он қарзак гузашт, балки бо ҳамон андоза маблақаки дигарро қарз дод!
Дар долонҳои Ҳукумат вақте иддае аз гузоштани ин тандисак ба ҳам норозиёна миш-миш карданд, посухи худро шуниданд: «Парво накунед, гузоштани он тандисак зараре ба кишвари мо намерасонад. Қарзро бахшанд, боз як вақт ин ҳайкалакро мебардорем. Магар мушкил аст кандани ин ҳайкалча? Аз қарз халос шавем, ин тарафаш осон…»