Monday, June 16, 2025
ads
HomeХабарҳоМинбаъд мансабдор ҷиноят содир кунад пайвандонаш ҳам ҷазо мебинанд

Минбаъд мансабдор ҷиноят содир кунад пайвандонаш ҳам ҷазо мебинанд

Минбаъд ҳар мансадборе даст ба қонуншиканӣ мезанад, аз як кор ба кори дигар гузаштанаш ҷурмашро намешуяд. Ҳатман дар назди қонун ҷавоб медиҳад. Ҳатто ба ҷавобгарӣ кашида шудани мансабдор минбаъд дар Тоҷикистон басанда нест, пайвандони мансабдорон низ ҷазо хоҳанд гирифт.

Зимни ҷаласаи ҳукумати Ҷумҳурии тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъмини қатъии талаботҳои қонунҳои амалкунандаи мамлакатро талаб намуда, ба масъулини дахлдор ҷиҳати ба танзим даровардан ва мувофиқ ба талаботи қонун гузаронидани ҳама гуна маъракаҳои мардумӣ ва ҷашну маросимҳои миллӣ, риояи ҳатмии қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, хусусан аз ҷониби мансабдорон, пӯрзур намудани ҷавобгарии интизомӣ ва нишондиҳандаҳои ҷаримаҳои маъмурӣ нисбати вайронкунандагони қонун, падару модарон ва фарзандони онҳо дастуру супоришҳои қатъӣ дод.

Бино ба гузориши дафтари матбуотии дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон, дар ҷаласа таъкид шудааст, ки минбаъд дар ҳолати аз ҷониби аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ва узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, хизматчиёни давлатӣ, фарзандон, пайвандон ва хешовандони наздики онҳо такрор шудани қонунвайронкуниҳо татбиқи ҷазо то аз вазифа озод кардани хизматчиёни давлатӣ ва аз макотиби олӣ хориҷ кардани фарзандони онҳо амалӣ карда мешавад.

Аммо коршинос Абдусалом Одиназода ба ин бовар аст, ки ҷазои чанд нафар наметавонад ба дигар аъзои ҳукумат ибрат шаваду даст аз ҷинояткорӣ бардоранд.

У мегӯяд. Система хароб аст, на афроди ҷудогона. 10 нафарро меқапанд, 100 нафарро меқапанд, 1000 нафарро — ба ҳеҷ дард намехӯрад. Фасод ҳамон фасод мемонад. Дуздӣ ҳамоно идома меёбад. Бесаводӣ ва бефарҳангӣ ба ҳеҷ куҷо гум намешавад.

Чаро? Афроди ҷудогона бемор ва ҳаром нестанд. Система бемор ва ҳаром аст. Дастгоҳҳои иҷтимоӣ ва сиёсӣ бемор ва ҳаром аст.

Чаро? Чаро, ки ин ҳама дастгоҳҳо русӣ аст, тоҷикӣ нест. Масеҳӣ аст, мусалмонӣ нест. Бегона аст, худӣ нест. Ҳаром аст, ҳалол нест.

Даҳ ҳазор нафарро биқап ва ба зиндон бифирист, як миллюн нафарро ба зиндон бифирист, боз ҳамон Аҳмак Аҳмак мемонад, агар дастгоҳҳои бегонаро ба дастгоҳҳои худӣ, ба дастгоҳҳои тоҷикӣ, ба дастгоҳҳои мусалмонӣ иваз накунӣ.

Агар ҳамаи он чизҳои нолозим ва бегонаро аз бех набурӣ ва ба ошғол напартоӣ ва ба ҷои онҳо дастгоҳҳои исломиро аз сифр бунёд накунӣ ин таҳдидҳои ҷазо ба мансабдорон ҳеҷ фоидае надорад.

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?