Дар ҳафтаи ҷорӣ хабари боздошт шудани дастикам 17 мақомоти баландпояи агентии мубориза бо коррупсия пахш шуд, ки сарусадоҳои зиёдеро эҷод кард ва тааҷҷуби ҷомеаро барангехт. Силсилавӣ боздошт шудани мақомоти баландпояи як ниҳоди қудратманд ва пурнуфузи давлатӣ суолҳоеро эҷод мекунад, ки мо онҳоро тарҳ карда, назари худро тақдими хонандагон мекунем.
- Чаро мақомоти як ниҳоди давлатӣ ба таври густурда даст ба фасод мезадаанд?
Сохторҳои давлатии Тоҷикистон сохторе ҳастанд, ки маошашон кам аст вале фаротар аз қонунанд, ки бо вуҷуди қонуншиканӣ ҳаргиз айбдор намешаванд ва ҳамеша ҳақбаҷонибанд, бар онҳо ҳеҷ назорате нест, ҳар касе ки пули бештаре диҳад ҳатто агар бадтарин ҷиноятро карда бошад бегуноҳ шинохта мешавад ва бар замми ҳамаи инҳо, раиси аслӣ худ дар фасод ғарқ аст, ки ҳамагон ӯро дида, аз ӯ ибрат мегиранду фасоди молӣ, фасоди ахлоқӣ ва хиёнатро ба авҷи худ мерасонанд. Фасод як беморие аст, гузаранда, ки аз боло сар карда то поёнтарин ниҳоди давлатиро гирифтор мекунад. Аз ҳамин сабаб ҳеҷ ниҳоде дар Тоҷикистон нест, магар инки гирифтори фасод аст; чун бо фасод соҳиби мансаб гашта ва ҳангоми дарёфти мансаб ба соҳибмансаби аслӣ ришва додааст ва мақоли тоҷикии : “Об аз боло лой аст” маъно пайдо мекунад.
- Фасодкориро онҳо барои чӣ, ба фоидаи кӣ ва бо дастури кӣ анҷом медоданд?
Мақомоти Тоҷикистон таҳти султа ва ихтиёри мутлақи Эмомалӣ Раҳмон ҳастанд ва бе иҷозати ӯ даст ба ҳеҷ коре намезананд ва ӯст, ки шоҳаншоҳи мутлақ ва соҳиби биломунозеи Тоҷикистону тоҷикистониён аст ва бо ҳар касе ҳар тавре ки хоҳад бархӯрд мекунад. Мақомот тобеи хости Э. Раҳмон ҳастанд ва фақат манфиати ӯро мадди назари тасмимоти худ қарор медиҳанд ва бе дастури Раҳмон ҳеҷ кореро анҷом намедиҳанд. Аз ҳамин сабаб, мақомоти Тоҷикистон фасодкориро ба фоидаи Эмомалӣ Раҳмон, барои Раҳмон ва дастури Раҳмон анҷом медиҳанд, ба хусус дар масоили сиёсӣ ки қудрати Раҳмонро нишона гирифта бошад.
Мақомоти давлатии Тоҷикистон ҳамеша бегуноҳу беайб мебароянд, аммо чаро ин бор мақомоти як ниҳод ба таври густурда дар фасоду таҷовузу сохтакорӣ, пулшӯӣ ва азхудкунии пул айбдор шуданд?
- Ин мақомот чӣ навъ кодексҳои ҷиноятиро муртакиб шудаанд?
Ин мақомоти баландпояи агентии мубориза бо коррупсия одамони калидие буданд, ки солҳо бар курсии қудрат такя зада буданду ҳазорон ҳазор нафарро ба хотири ҷайби худ ба хоки сиёҳ шинондаанду чандин ҷинояткори ваҳширо бегуноҳ баровардаанд. Иддае аз ин шахсҳо иборатанд аз:
- Давлат Хайров, муовини собиқи раиси Агентии мубориза бо коррупсия. Рӯзи 24 апрел ҳангоми кӯшиши фирор дар марзи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд бо Қирғизистон ва бино ба хабарҳои дигар, дар фурудгоҳи Хуҷанд ҳангоми нишастан ба парвози Маскав боздошт шуд. Хайров феълан ба қаллобӣ айбдор мешавад.
- Ҷамолиддин Муҳаммадзода (Муборов), раҳбари собиқи раёсати кофтукоби ҷиноии Агентӣ ва раёсати ин ниҳод дар вилояти Хатлон, ки ахиран раҳбари бахши ташкилии Агентиро ба дӯш дошт. Муҳаммадзода низ ба қаллобӣ айбдор мешавад.
- Фирӯз Холмуродов (Холмуродзода), раҳбари собиқи раёсати тафтишоти Агентӣ ва раҳбари гурӯҳи тафтишотии парвандаи соҳибкори зиндонӣ Зайд Саидов ва ҳисобу китоби дороиҳои раиси ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯъи наҳзати исломӣ Муҳиддин Кабирӣ. Холмуродзода бо иттиҳоми қаллобӣ ва берун рафтан аз ҳадди ваколати мансабӣ ва ба як парвандаи таҷовузи бачаи 10-сола низ таҳти тафтиш қарор дорад.
- Фирдавс Мирзобадалов, писари собиқ муовини додситони Суғд Абдуғаффор Мирзобадалов ва домоди собиқ котиби Шӯрои Амният Амирқул Азимов. Мирзобадалов, низ узви гурӯҳи тафтишотии парвандаи Зайд Саидов буд.
- Умед Камолов – писари собиқ вазири амният генерал Саиданвар Камолов ва низ узви гурӯҳи тафтишотии парвандаи Зайд Саидов. Умед Камолов таҳти ҷустуҷӯ қарор дошт, ки тибқи иттилои расонаҳо, дирӯз боздошт шуд.
Ҳамон тавр ки дар хабарҳо пахш шуд, ин афрод дар таҷовуз ба номуси писарбачаи 10 сола, азхудкунии пулу моли мардум ва…. айбдор мешаванд.
- Кадом ниҳод ин мақомотро боздошт кард ва чаро?
Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, ки таҳти раёсати Саймумин Ятимов аст имрӯзҳо номи он бисёр ба гӯш мерасад ва номи раиси он беш аз ҳама. Ин мавҷе аст, ки худи Ятимов онро эҷод кардаасту бар он савор шудааст, то номаш ба гӯшҳо ошно шавад ва ба истилоҳ муборизааш бо коррупсия ва мақомоти фосид якҷо гардаду овозаи хуши мубориза бо фасод ва иҷрои адолат бо номи Ятимов якҷо шавад, то дар гоми баъдӣ; яъне фош кардани фасоди Э. Раҳмон ва Рустами Эмомалӣ ва канор задани онҳо ва нишастани худ ба ҷои онҳо корсоз бошад. С. Ятимов, Э. Раҳмонро шахси комилан белаёқат медонад ва худашро аз Раҳмон шоистатар дар президентӣ, ба ҳамин хотир имрӯзҳо номи ӯ бештар аз Э. Раҳмон ва Рустами Эмомалӣ дар корҳои хуб ва мубориза бо фасод ва барқарории амният ба гӯш мехӯрад.
Аммо сабаби инки КДАМ чаро ин мақомотро боздошт карда, номи онҳоро фош намудааст ин аст, ки бо ин иқдом ду кор анҷом дод:
- Ҳамаи иттиҳомҳоро аз Рустами Эмомалӣ (ва Эмомалӣ Раҳмон), ки дар раъси оҷонси мубориза бо коррупсия қарор дошт ва ӯ буд, ки коррупсионери аслӣ ба ҳисоб мерафт, ба ин мақомот баргардонад ва ба мардум бифаҳмонад, гӯё Рустаму Раҳмон бегуноҳанд ва дигарон ҳастанд ки сӯиистифода мекунанд.
- Тарафдорони Маҳмадсаид Убайдуллоевро аз мансабҳои пурнуфузи Тоҷикистон пок (очистка) кунад, то Убайдуллоев комилан заиф шуда, тавтеаи эҳтимолии ӯ ва тарафдоронаш алайҳи Рустам ва Раҳмонро хунсо кунад.
- Чаро маҳз дар ҳамин рӯзҳо боздошти мақомоти баландпояи агентӣ фош шуд?
Боздошти мақомоти баландпояи фосиду коррупсионери ниҳоди мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон ва фош кардани он дар рӯзҳое ки Рустами Эмомалӣ расман ба шаҳрдории Душанбе расидааст ва дар ҳоли табдил шудан ба шахси муҳими Тоҷикистон аст, бар ҳусни шуҳрати ӯ меафзояд ва касонеро ки тарафдори Убайдуллоев ва умуман мухолифи ҷиноҳи Рустами Эмомалӣ ҳастанд ҳушдор дода мешавад, ки ҳаргуна мухолифат бо Рустам дар ҳар радда ва ҳар мансабе бошад оқибаташ бадбахтӣ ва кунҷи торики зиндони режимаш сахт аст. Рустами Эмомалӣ бо ин иқдомаш ки тавассути КДАМ ба иҷро расид, ба мухолифонаш ҳушдор дод, ки дар ҳоли табдил шудан ба қудрати мутлақа аст ва тоби таҳаммули мухолифи худро надорад, ҳатто агар 17 мақоми баландпояи ниҳоди муҳими Тоҷикистон бошад.
- Сарнавишти боздоштшудаҳои агентии мубориза бо коррупсия чӣ мешавад?
Ба назар мерасад иқдоме ки КДАМ ба боздошти мақомоти мубориза бо коррупсия анҷом дод, як иқдоми намоишӣ бошад ва баъд аз инки мақомот боздошт шуданду масъала хомӯш шуд, онҳоро бегуноҳ бароварда ва ё инки “раҳмати Раҳмонӣ”-ро шомили ҳолашон карда, афви “пешвои миллат”-ро иқдоми “падарона ва дилсӯзона”-и Эмомалӣ Раҳмон карда, аз масъулият ба таври расмӣ сабукдӯш карда озод мешаванд, аммо дар пинҳонӣ дубора ҳамон фарди пурнуфуз хоҳанд монду барои оилаи Раҳмон хидмат хоҳанд кард; чун онҳо муҷрии фармони Э. Раҳмон буданду бас ва агар қарор бошад касе муҷрим шавад он Раҳмон аст; чаро ки ӯ фармон медод ва инҳо фармонро иҷро мекарданд. Аз ҳамин сабаб ин як намоише аст барои эътимодсозии халқ ва нишон додани адолатхоҳии раҳбари давлат, дар шароите ки аҳаде ба мақомот эътимод надоранду аз ин ҳама зулму истибдоди мақомот ноумед.
Аммо агар зоҳири масъаларо бе ин ки аз нақшаҳои шум ва маккоронаи шайтонсифатоне чун Раҳмону Ятимов, нигоҳ кунем маънои мақоли тоҷикиеро ки мегӯяд: “Чоҳкан, зери чоҳ” ба даст меоварем. Ҳамон касоне ки ба Зайд Саид, Муҳиддин Кабирӣ ва… ҷурмҳо тарошида, зиндон карданд, бо ҳамон ҷурмҳо худашон боздошт шуда, ҳабсҳои тӯлониро интизоранд.
Ҷамшеди Хатлонӣ