Даҳ рӯзи аввали рамазон ташкили ифтор дар идораи марказии ҲНИТ анъана шуда буд. Ин анъана дар дохили худ як анъанаи дигаре дошт, ки кам касоне ба он диққат кардаанд. Чун баъди интизории тӯлонӣ даст ба таом мешуданд ва ба атроф камтар диққат медоданд. Замоне, ки ҳама машғули ором кардани нафси ташнаву гушнамонда дар гармои тобистон буданд, дар байни майдони ифтор яке рост истодаву гӯё ин манзараро тамошо мекард. Дар асл ӯ назорат мекард, ки дар дастархон нуқсе набошад ва агар камтарин камбудеро дид, дарҳол бартараф месохт.
Ҳар касе ин марди лоғару хоксорро намешинохту дар он майдон медид, шояд гумон мекард, ки ӯ дарбон ё хидматгори идора аст. Бале, ӯ воқеъан хидматгор буд, вале ба ҳайси муовини раиси ҲНИТ. Хидматгоре, ки бо хидматаш собит сохт “сарварӣ дар дини мо хидматгарист”. Сарваре хидматгор бо номи Муҳаммадалӣ Ҳаит.
Ӯ нафарест, ки на танҳо қудрати роҳбарии ҳизбе мисли ҲНИТ, балки вазоратҳои қудративу амниятии кишварро дошт. Вале ҳаргиз барои расидан ба мансабе талош накарда, ҳамеша кӯшидааст худро аз мансабу мақомҳо канор гирад. Ӯ аз нафаронест, ки ҳар миллате бо доштанашон ифтихор мекунад ва дар бораашон достонҳо сароида мешавад. Ва кӯшиши тасвири ӯ дар як мақолаи кӯтоҳ мисли кӯшиши ҷой додани дарё дар косаи об аст.
Хатмкардаи Донишгоҳи давлатии Ленинград, афсари яке аз пурқудраттарин хадамоти ҷосусии ҷаҳон — ГРУ, тарҷумон байни генералҳои шӯравӣ ва Аҳмадшоҳ Масъуд, ҷонишини раиси созмони “Растохез”, узви зергурӯҳи кумиссиюни оштии миллӣ, ҷонишини раиси ҲНИТ. Ин ҳамаи фаъолияти ӯ нест ва танҳо ҳамин зина кофист, ки бидонем аз чӣ касе ҳарф зада мешавад. Карераи пуршӯри ҳарбиву сиёсии ӯро хислатҳои инсониаш пурратар мекунанд ва ҳар касе аз ину он огоҳ шуд дармеёбад, рӯбарӯяш як улгӯи камназире қарор дорад. Ҳар нафаре ӯро шинохтааст, балки ҳатто соате ҳамнишин гаштааст зери таъсири амиқи бузургиаш қарор гирифтааст. Вақте аз дӯстону ҳамкоронаш дар борааш маълумот гирд меовардам, чанд нафар гуфтанд ҲЕҶ КАСЕро дар камоли ахлоқу одамияту ҷасорат мисли ӯ надидаанд. Танҳо ҳамин сифат барои як нафар кофист. Ва мешуд ин навиштаро бо ҳамин як ҷумла оғоз ва анҷом бахшид. Вале, на! Зиндагии ин марди шариф бояд ҳарф ба ҳарф сабт гардад, то ҷавонони ин миллат бидонанд, ки аз чӣ касе мешавад пайравӣ кард.
Замоне, ки дар Афғонистон адои хидмат мекард ва чун афсари ГРУ медонист, ки пинҳон доштани ин кораш тақрибан ғайриимкон аст, дар сурати ифшо шуданаш ҷазои сангине мунтазираш аст… ба муҷоҳидини тоҷики бузурги дигар — Масъуд кӯмак мекард. Масъуд бузург буд, чун истеъдодаш бо шароит тавъам шуд ва бузургиаш зуҳур кард. Ҳаит шояд метавонист Масъуди ин сӯи Омӯ бошад, агад ҳамеша аз раёсату сарварӣ канораҷӯӣ намекард… Имкон надошт, ки бузургтарин хадамоти ҷосусии ҷаҳон аз ин кори як афсараш пай набарад ва чунин ҳам шуд. Ӯро замоне дастгир карданд, ки муҷоҳидин барояш тӯҳфа фиристода буданд. Вале маълум шуд ӯ дар мактубе ба роҳбарият аз он тӯҳфа хабар дода, онро дар ихтиёри давлат қарор додааст. Ба ҳар ҳол дастгираш карданд ва 8 моҳ дар боздошгоҳ зери пурсуҷӯи варзидадарин муфаттишони бузургтарин хадамоти ҷосусии ҷаҳон қарор гирифт. Ҳашт моҳи истинтоқу пурсуҷӯ ҳеҷ далеле ба дасти муфаттишон надод ва ӯро озод карданд. На танҳо озод карданд, балки моҳонаи ҳаштмоҳаашро бо ҷуброни зарари маънавӣ пардохт намуданд! Идомаи қиссаи боздошт, сипас сафедшавиаш аз он ҳам ҷолибтар аст. Вақте баъди пардохти моҳонаи ҳаштмоҳаву ҷубронпулӣ ГРУ аз ӯ хост ба ҳамкориаш бо ин ниҳод идома диҳад, Муҳаммадалӣ чунин посух дод: “ман бо ниҳоде, ки ба номи ман хиёнат кард ҳамкорӣ нахоҳам кард!”
“Разведчики собиқ вуҷуд надорад”. Ин зарбулмасалест, ки ҳар дуввум нафар онро азёд медонад. Бо такя ба ҳамин зарбулмасал камтар касе бовар мекунад, ки як корманди хадамоти ҷосусӣ, он ҳам ГРУ аз ҳамкорӣ бо он канор рафта бошад. Вале масъулияти минбаъдаи Муҳаммадалӣ Ҳаит ин боварро ҳам мешиканад. Қабл аз пошхӯрии Шӯравӣ, замоне, ки камтар касе бовар дошт ин режими пурқудрат аз ҳам хоҳад пошид, ӯ ҷонишини раиси Созмони мардумии “Растохез” интихоб шуд. Созмоне, ки ошкоро ва аввалин шуда дар Осиёи Марказӣ, аз истиқлолияти як ҷумҳурии шӯравӣ ҳарф мезад. Созмоне, ки бедортарин зиёиёни дунявии кишвар дар он ҷамъ шуда буданд ва бунёдгузори ин созмон Тоҳири Абдуҷаббор муаллифи эъломияи истиқлолияти Тоҷикистон буд. Ду сол муҳарририи ҳафтаномаи “Растохез”—ро ҳам ба дӯш дошт ва соли 1992 дар ҳайати ҳукумати мусолаҳаи миллӣ ба муовинати раиси Радиои Тоҷик расид. Баъдтар бинобар ошкоргӯияш, бахусус ифшои ҳақиқатҳои Баҳманмоҳи хунин аз ин симмат барканор шуд.
Собиқ корманди ГРУ буданаш шубҳаҳое дар дили баъзе аз ҳамсангаронаш ҳам эҷод карда будааст. Замони баргузории мурофиаи додгоҳӣ, боре Махсуми Саттор аз қозӣ иҷозаи сухан пурсид ва гуфт: “ин ки ҳама иттиҳомҳоятон сохтаву бофта аст, ба ҳама маълум аст. Вале ман бояд як ҳарфи диламро гӯям, ки агар нагуфтам мекафам. Ман ҳамеша ба Муҳаммадалӣ шубҳа доштам, ки корманди хадамоти ҷосусӣ аст. Вале инак маълум шуд, ки ӯ аз ҳамаи мо содиқтар будааст. Бинобар ин ман расман дар ҳузури ҳамаи шумо аз ӯ узр мепурсам.”
Ӯ нафарест, ки таҳти таъсири касе ё чизе мавкеъашро ҳеҷ гоҳ тағйир надодааст ва ҳамеша тасмимашро огоҳона ва бо қаноати дохилӣ гирифтааст. Барои интихоби роҳ, мақом ва ҳизбу созмонҳо ҳеҷ гоҳ мақом, сарват ва масоили моддӣ барояш аҳамият надоштанд ва як инсони комилан қаноатпеша аст. Руҳияи мубориза барои адолат ҳамеша уро ҳамроҳӣ мекунад ва боре гуфта буд, ки маҳз ҳамин чиз уро аз дигар созмонҳо ба ҲНИТ кашонида буд. Манфиати умумиро ҳамеша аз манфиатҳои шахсӣ боло мегузорад ва намунаи волои азхудгузаштанро дорад.
Яке аз анъанаҳои дигари Наҳзат, баргузор кардани интихоботҳои дохилӣ барои муайян кардани рӯйхати номзадҳо барои ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ буд. Барои интихоботи соли 2015 ҳам рӯйхати номзадҳо аз минтақаҳо ҷамъ карда шуд ва дар Раёсати олии ҳизб овоздиҳии пинҳонӣ бо ҳузури ҳамаи аъзои Раёсат ва худи номзадҳо сурат гирифт. Дар натиҷаи раъйгирӣ Муҳаммадалӣ Ҳаит пас аз Раиси ҳизб мақоми дуввумро соҳиб шуд. Дар он рӯзҳо баъзе аъзои Раёсати олӣ бо дахолати доираҳои беруни ҳизб, аз ҷумла, бозиҳои пасипардагии ҳукумати кишвар, барои худ далел метарошиданд, ки бояд дар рӯйхат ҷойгоҳи болотаре дошта бошанд. Камтарин ихтилоф дар дохил ҳадяи бузурге барои рақибон он шабу рӯзҳо буд. Бо дарки вазъият, Муҳаммадали Ҳаит изҳор кард, ки ҷои худро дар ихтиёри раиси ҳизб мегузорад, то ӯ битавонад осонтар пеши роҳи ихтилофотро бигирад.
Ошкоргӯияш ҳам ҳамеша, то охирин лаҳзаҳои боздошташ ва ҳатто дар мурофиаҳои судӣ масал буду ҳаст. Ҳаргиз аз гуфтани ҳақиқат ибо накардааст ва ҷиноятҳову камбудиҳои баландтарин мақомоти кишварро дар ҳар маҷлисе бо хунсардиву ҷасорати хоси худаш баён кардааст. Ҳамин ошкоргӯиву ҷасораташ буд, ки режим аз ӯ ҳамеша ҳарос дошт. Яке аз ҳақиқатҳои собити таърих ҳам ин аст, ки режимҳои худхоҳу диктотурӣ аз диловароне мисли Ҳаит метарсанду бо ҳар роҳе дар нобудӣ ҳади ақал бастани даҳонашон мекӯшанд. Ин буд, ки ҳамеша зери таъқиби мақомот қарор дошт ва моҳи апрели соли 2013, қабл аз баргузории ҷашни 40 солагии ҲНИТ аз тарафи командони КДАМ шадидан латукӯб гардид.
Ҳеҷ касе аз дӯстону шиносҳояш ёд надорад, ки ӯ аз қавлаш гашта ё ба ваъдааш хилоф карда бошад. Замоне дар ҲНИТ фаъолият мекард аввалин нафаре буд, ки ба идора меомад. Яке аз вазифаҳояш таъмини бехатарӣ буд, ки комилан аз ӯҳдааш баромад ва то охирин лаҳза ҳифз кард. Ҳар вазифае ба дӯш доштааст ё ба ӯ супорида шудааст, бо диққати тамом ва пуррагӣ анҷом додааст. Хеле дақиқкор аст ва ба қавли яке аз шогирдонаш “мисли соати немисӣ” кор мекунад.
Дар додгоҳ ҳам борҳо бо далелҳои қатъиву мантиқи қавӣ собит кард, ки ҳамаи иттиҳомҳо алайҳи ӯву ҲНИТ сохтаву бофтаанд. Дар баҳс бо яке аз “шоҳидон” — муовини раҳбари КДАМ Абдулазиз Ҷаълов ҳам ин корро кард ва Ҷаъловро маҷбур кард эътироф кунад, ки парванда ҷаълӣ аст. (Ин баҳс ба зудӣ нашр хоҳад шуд)
Ба Муҳаммадалӣ Ҳаит ҳам раёсати ҲНИТ борҳо пешниҳод кард тарки кишвар кунад, чун боздошт шуданаш мусаллам буд. Вале ӯ бо қатъият рад мекард ва мегуфт “замоне аз кишвар хориҷ хоҳам шуд, ки охирин наҳзатӣ аз он берун равад ё аз хавф наҷот ёбад”
Бинобар мавқеъгирии сахташ дар боздоштгоҳу зиндон ҳам бештарини шиканҷаҳо насиби ӯ шуд. То ҷое, ки хабар расид, як даст ва як пояшро шикастаанд. Вақте ин хабар расонаӣ шуд, ба хонаводааш иҷоза доданд бо ӯ вохӯрӣ анҷом диҳад. Завҷааш хабари шикаста шудани дасту пояшро такзиб кард, вале дертар аз манбаи дигар хабар расид, ки ин такзиби ҳамсараш ҳам зери фишору таҳдиди мақомот сурат гирифтааст. Паёмаш дар ҳамон ҳолат ба ҳамсангарҳояш зананда буд: “дар ғами мо набошед ва ба мубориза идома диҳад. Мо ба по хоҳем истод”.
Як моҳ қабл аз боздошташ дар кӯча бо Давлат Назир, варзидатарин корманди хадамоти амниятӣ ва устоди амниятиҳои Тоҷикистон вохӯрд. Ӯ аз Ҳаит хеле навозиш кард ва сухани таърихие гуфт, ки ин навиштаро мешавад бо ҳамон сухан ҷамъбаст кард: “ҳайфи ҳукумате, ки аз истеъдоде чун Муҳаммадалӣ Ҳаит истифода накард”…
Худованд ба ҳар миллате як ё ду Ҳаите тӯҳфа мекунад. Таърих шоҳид аст, ҳар миллате аз вуҷуди ҳаитҳо истифода кардааст, ба саодат расидааст ва ҳар миллате иҷоза додааст, ки ҳаитҳо кушта ё зиндонӣ шаванд, даҳсолаву садсолаҳо ғулому худбохта боқӣ мондааст. Агар миллати тоҷик ҳам иҷоза бидиҳад нафаре мисли Муҳаммадалӣ Ҳаит дар зиндон модомалумр бимонад ва коре накунад, пас ҳамаи миллат сазовори зиндони Раҳмон аст.