Дар муассисаи ислоҳии рақами 21 (ЯС 3/21)-и шаҳри Душанбе, ки барои нигаҳдории собиқ кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ пешбинӣ шудааст, собиқ полковники Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва зодаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Рамзӣ Шосулаймонов даргузаштааст.
Дар ин бора манбаъҳои огоҳ ба расонаҳо хабар додаанд.
То замони нашри ин хабар, сабаби дақиқи марги ӯ маълум нест. Мақомоти расмии Тоҷикистон, аз ҷумла Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия, ҳодисаро шарҳ надодаанд.
Тибқи иттилои дастрас, Рамзӣ Шосулаймонов ҷазои худро дар муассисаи махсуси ислоҳии ЯС 3/21 адо мекард. Ӯ қаблан дар доираи парвандаи марбут ба гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир маҳкум шуда буд.
Рамзӣ Шосулаймонов 46 сол дошт. Пеш аз боздошт солҳои зиёд дар мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон фаъолият намуда, аз ҷумла вазифаи сардори шуъбаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятии Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғдро бар уҳда дошт.
Пас аз ба нафақа баромадан, ӯ ба фаъолияти ҷамъиятӣ ва варзишӣ машғул шуда, Кумитаи интизом ва назорати Федератсияи футболи вилояти Суғдро роҳбарӣ мекард.
Соли 2024 нисбати ӯ парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, баъдан маҳкум гардид. Пас аз содир шудани ҳукм, Шосулаймонов ба муассисаи ислоҳии рақами 21 интиқол дода шуд. Дар ин муассиса асосан собиқ кормандони сохторҳои қудратӣ нигоҳ дошта мешаванд.
Як марги дигар миёни зодагони Бадахшон дар маҳбасҳо
Марги Рамзӣ Шосулаймонов дар ҳолест, ки тайи солҳои охир чандин мавриди фавти зодагони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ гузориш шудааст.
Дар давоми соли 2025 низ аз марги чандин маҳбуси зодаи Бадахшон хабарҳо нашр гардиданд. Бисёре аз онҳо бо парвандаҳои марбут ба рӯйдодҳои солҳои охир дар минтақа маҳкум шуда буданд.
Аз ҷумла:
- Аслан Гулобов (35-сола), фаъоли шаҳрвандӣ аз Хоруғ, ки ба ҳабси абад маҳкум шуда буд. Ба гуфтаи наздиконаш, моҳи июни соли 2025 аз хунравии меъдаву рӯда даргузашт.
- Эроншо Мамадраҳимов (39-сола), сокини ВМКБ. Мақомоти расмӣ сабаби марги ӯро ҷамъ шудани моеъ дар шушҳо арзёбӣ карда буданд.
- Музаффар Давлатмиров (61-сола), шахсияти маъруфи динӣ аз Бадахшон.
- Қулмамад Паллаев (50-сола), фаъоли ҷамъиятӣ аз ноҳияи Рӯшон.
- Боғшо Иматшоев ва Шерик Карамхудоев, ки дар бораи даргузашти онҳо низ дар давоми соли гузашта хабарҳо нашр шуда буданд.
Наздикони баъзе аз фавтидагон ва созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон борҳо аз мақомоти Тоҷикистон даъват кардаанд, ки сабабҳои марги маҳбусон ба таври мустақил ва шаффоф таҳқиқ карда шавад.
То имрӯз дар аксари чунин ҳолатҳо маълумоти муфассали расмӣ дар бораи шароити нигоҳдорӣ ва сабабҳои фавти маҳбусон дастраси ҷомеа нашудааст.
TajNews пайгирии ин қазияро идома дода, дар сурати нашри мавқеи расмии мақомоти Тоҷикистон онро барои хонандагон дастрас хоҳад кард.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

