Имрӯз, 27-уми октябр Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ва Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе ба сохтмони се «эстакада» (роҳҳои дусатҳа) ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозӣ санги асос гузоштанд.
Хадамоти матбуоти раисҷумҳури кишвар хабар дод, ки бунёди ин иншоот, дар доираи татбиқи Нақшаи кулли Душанбе сурат гирифта, сохтмони онҳо “бо мақсади бартарафнамоии тамбашавии воситаҳои нақлиёт ва таъмини ҳаракати бемамониати ронандагону пиёдагардон мебошад”.
Манбаъ баъзе ҷузъиёти ин эстакадаҳоро шарҳ додааст. Аз ҷумла, гуфта мешавад, дарозии роҳи дусатҳа нуқтаи пайванди хиёбони Саъдии Шерозӣ ва кӯчаи Неъмат Қарабоев дар умум 850 метрро ташкил медиҳад. Тибқи нақша, гардишҳои роҳи дусатҳа бояд бо 3 хатти ҳаракат ва бо риояи талаботи байналмилалӣ бунёд шавад.
Тибқи нақша, пули мошингузар аз болои дарёи Душанбе дар хиёбони Саъдии Шерозӣ бо дарозии 115 метр ва паҳноии 40 метр аз ҳар ду самт, 8 хатти ҳаракат ва 100 тонна иқтидори вазнбардорӣ бояд азнавсозӣ шавад.
Ду «эстакада» ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозӣ дар 2 сол сохта мешавад. Дар бораи муҳлати сохтмони роҳи дусатҳаи сеюм иттилоъ дода нашудааст. Ҳамчунин, навсозии системаи муҳандисии зеризаминӣ, аз ҷумла хати оби нӯшокӣ, гармидиҳӣ, хатҳои алоқа, барқ, равшанидиҳӣ, сабзкории гулгашту роҳравҳо дар нақшаи ин тарҳ ворид шудааст.
“Лоиҳаи таҷдиди хиёбони Саъдии Шерозӣ дар шаҳри Душанбе дар асоси Созишномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд аз ҷониби паймонкорон ҶСК “Тоҷикгидроэлектромонтаж”, Ширкати муҳандисию сохтмонии шаҳрсозии Ҷумҳурии Мардумии Чин ва ҳамоҳангсоз Гурӯҳи татбиқи лоиҳаҳои таҷдиди роҳҳои шаҳри Душанбе амалӣ мегардад”, — навишт Хадамоти матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон.
Манбаъ афзуд, ки Эмомалӣ Раҳмон зимни муаррифии ин тарҳҳо, ба масъулон ва роҳсозон дастур додааст, ки пеш аз ҳама ба муҳлати татбиқи тарҳ, сифати масолеҳ ва корҳои сохтмонӣ таваҷуҳи ҷиддӣ зоҳир кунанд, то чунин иншооти нақлиётиву иртиботӣ барои солҳои зиёд ба мардум хидмат расонанд.
Тарҳи мазкур дар доираи созишномаи қарзӣ байни Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд, ки 30-юми апрели соли 2024 ба маблағи 28,4 млн евро ба имзо расида буд, амалӣ мешавад.
Ифтитоҳи ду корхона
Ҳамчунин имрӯз, 27-уми октябр Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ду корхонаи дигари саноатиро ифтитоҳ кард.
Аз ҷумла, корхонаи истеҳсоли хиштҳои сабуки ширкати “Эко Блок” дар ноҳияи Шоҳмансур ба кор шуруъ кард. Хадамоти матбуоти раисҷумҳур иттилоъ дод, ки корхонаро соҳибкор Акбар Асадулло бунёд карда, он аз лиҳози иқтидори истеҳсолӣ калонтарин корхонаи хишти сабук дар кишвар ба шумор меравад. Корхона иқтидор доштааст, ки дар як сол 300 ҳазор метри мукааб “газоблок” истеҳсол кунад.
Манбаъ афзуд, ки пештар ин навъи масолеҳи сохтмонӣ, қисман аз хориҷи кишвар ворид мешуд. Ҳоло бошад корхона метавонад, ҳафт намуди “газоблок” истеҳсол кунад.
Дар идома раисҷумҳур дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт ширкати “Шаҳдоб”-ро ифтитоҳ кард. Ин корхонаро Фатҳулло Соҳибов бунёд кардааст. Корхона се хатти истеҳсоли дошта, дар ду хатт аввал оби нӯшокию дигар нушобаҳо ва дар хатти сеюм маҳсулоти қаннодӣ истеҳсол мешавад.
Ин корхона иқтидори истеҳсоли 400 ҳазор зарф нӯшобаҳои аз ним то 10 литр дошта, бо тамғаи “Шаҳдоб” ба бозор мебарояд.
Дар хатти дигар ин корхона дар як шабонарӯз беш аз 3 тонна 15 навъи маҳсулоти қаннодӣ бо номи “Шириниҳои Шукрона” истеҳсол мешавад. Дар ин корхона 120 кас соҳиби ҷойи кор шудаанд.
Эмомалӣ Раҳмон дастур додааст, ки дар баробари зиёд кардани ҳаҷми истеҳсол, “ба сифати маҳсулот, риояи меъёрҳои муқарраршуда ва рақобатпазирии он дар бозор” таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир кунанд.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.























