Friday, October 30, 2026
Место для Реклама!
HomeСиёсатҶаласаи Шӯрои нахуствазирони СҲШ. Кӣ чӣ гуфт ва чӣ пешниҳодҳо манзур шуд?

Ҷаласаи Шӯрои нахуствазирони СҲШ. Кӣ чӣ гуфт ва чӣ пешниҳодҳо манзур шуд?

Дар ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳо (нахуствазирон)-и Созмони ҳамкории Шонгҳой (СҲШ), ки дирӯз, 20-уми октябр дар Душанбе гузашт, консепсияи даргоҳ (платформа)-и рақамии ҳамлу нақли байналмилалии ва низомнома дар бораи Махзани маълумоти лоиҳаҳои сармоягузории саноатии ин созмон ба тасвиб расидааст. Раёсати Шӯро аз Тоҷикистон ба Ӯзбекистон гузашт ва ҷаласаи навбатӣ соли 2027 дар ҳамин кишвар баргузор мешавад.

Дар ин бора дар сомонаи расмии СҲШ хабар дода шудааст.

Ҷаласа бо раёсати Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон, дар шаклҳои маҳдуд ва васеъ баргузор шуд.

Қоҳир Расулзода дар нишасти матбуотӣ чӣ гуфт?

Ба иттилои хабаргузории давлатии “Ховар”, баъд аз ҷаласа Қоҳир Расулзода ва Нурлан Ермекбоев, дабири кулли СҲШ ба расонаҳо изҳороти муштарак доданд.

Ба гуфтаи Расулзода, афзалиятҳои Тоҷикистон дар давраи раёсат, иҷрои тавофуқҳо ва вазифаҳои аз ҷониби сарони давлатҳо гузошташуда, аз ҷумла дар соҳаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, фарҳангӣ ва башардӯстона буд.

Иштирокчиён, ҳамчунин низоми кушод, фарогир ва бетабъизи савдо дар асоси қоидаҳои Созмони умумиҷаҳонии савдоро таъкид кардаанд. Нахуствазири Тоҷикистон ба ислоҳи минбаъдаи идоракунии иқтисоди ҷаҳонӣ ва тақвияти низоми кушоди бисёрҷонибаи савдо даъват кардааст.

Акс аз СҲШ

Қоҳир Расулзода пешниҳод кардааст, ки дар бораи иҷрои қарорҳои нишастҳои сарони давлатҳо ва вазирон, ҳисоботи мунтазам пешкаш шавад ва барномаи иқтисодӣ ба тарзи лоиҳавӣ амалӣ гардад. Инчунин, ба гуфтаи ӯ, бояд монеаҳои савдо кам, расмиёти гумрукӣ сода, хароҷоти нақлиёт ва логистика паст ва сармоягузории мутақобила зиёд карда шавад.

Расулзода ҳамчунин, пешниҳод кардааст, ки даргоҳи минтақавии рақамии агроэкологии СҲШ, ки дар нишасти Бишкек матраҳ шуда буд, баррасӣ гардад. Инчунин, ӯ ҳамкории СҲШ дар самти ҳифзи пиряхҳо ва амнияти оби Авруосиё ва ҳамкории осорхонаҳо, китобхонаҳо, театрҳо ва бойгониҳои кишварҳои узвро пешниҳод кард ва шарикони созмонро ба иштирок дар лоиҳаҳои калони энержии сабз даъват кардааст.

Нахуствазири Тоҷикистон иттилоъ додааст, ки соли 2025 сармоягузории мустақими кишварҳои СҲШ ба Тоҷикистон андаке беш аз 350 миллион доллар шудааст.

“Ин рақамҳо аз иқтидори азими истифоданашудаи ҳамкории сармоягузории мо шаҳодат медиҳанд”, — афзудааст Расулзода.

Акс аз АМИТ "Ховар"

Кадом кишвар чӣ пешниҳод кард?

Муҳаммадризо Ориф, муовини аввали раисҷумҳури Эрон, пешниҳод кардааст, ки таъсиси бонки рушди мустақил ва иттиҳодияи энержӣ суръат гирад.

Олжас Бектенов, сарвазири Қазоқистон, Шабакаи марказҳои ҳушвораро зери сарпарастии СҲШ пешниҳод кардааст. Ӯ омодагии кишварро барои мизбонии қароргоҳи Бонки рушд изҳор карда, ҳамчунин, гуфтааст, ки ҳиссаи пулҳои миллӣ дар пардохтҳои фарохҳудудии он бо СҲШ ба 70% наздик шудааст.

Акс аз АМИТ "Ховар"

Абдулло Орипов, сарвазири Ӯзбекистон, таҳияи консепсияи “СҲШ-2040”, харитаи ҳамкории саноатӣ ва баргузории Форуми ҳушвораи СҲШ дар Тошканд барои соли 2027-ро пешниҳод кардааст.

Ли Тсян, раиси Шӯрои давлатии Чин, даъват кард, ки савдо ва сармоягузорӣ озодтар шаванд ва монеаҳо ба вуҷуд наоянд. Ба навиштаи “Kazakhstan Today”, ӯ ҳамчунин аз рушди долонҳои байналмилалии нақлиётӣ, аз ҷумла Масири Трансхазар ёдовар шудааст.

Михаил Мишустин, раиси ҳукумати Русия, хабар дод, ки соли гузашта гардиши мол бо СҲШ аз 30 триллион рубл гузаштааст. Ӯ таъсиси гурӯҳи корӣ оид ба иқтисоди кайҳониро пешниҳод кардааст.














Акс аз СҲШ


Акс аз АМИТ "Ховар"


Акс аз СҲШ


Акс аз АМИТ "Ховар"


Акс аз АМИТ "Ховар"


Акс аз АМИТ "Ховар"

Александр Турчин, сарвазири Беларус, гуфт, ки беш аз 75% тиҷорати хориҷии кишвараш ба бозори СҲШ рост меояд.

Муҳаммад Исҳоқ Дор, муовини сарвазири Покистон, ба таъсиси Бонки рушд ва истифодаи бештари пулҳои миллӣ даъват кардааст.

Ёдовар мешавем, ки СҲШ, ки соли 2001 таъсис шуд, ҳоло аз 10 давлати аъзо – Беларус, Ҳиндустон, Эрон, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Покистон, Русия, Тоҷикистон, Узбекистон, 2 давлати нозир – Афғонистон ва Муғулистон ва 14 шарикони муколамаи СҲШ – Озарбойҷон, Арманистон, Баҳрайн, Миср, Камбоҷа, Қатар, Кувайт, Малдив, Мянмар, Непал, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, Арабистони Саудӣ, Туркия, Шри-Ланка иборат аст.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular