Демократҳо дар интихоботи миёндавраии Амрико пирӯз шуда, тибқи натиҷаҳои пешакӣ, назорати ҳарду палатаи Кунгура (Конгресс)-ро аз ҷумҳурихоҳон мегиранд. Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико эътироф кардааст, ки ҷанг бо Эрон ба шикасти ҳизбаш таъсир расонд, аммо мегӯяд, аз оғози ин ҷанг пушаймон нест.
Интихоботи миёндавраии Амрико, ки 3-юми ноябр баргузор шуд, барои Ҳизби ҷумҳурихоҳ бо шикасти бузург анҷом ёфт. Демократҳо на танҳо дар иёлатҳои рақобатпазир, балки дар чанд минтақае, ки солҳои зиёд “пойгоҳ”-и ҷумҳурихоҳон буд, пирӯзӣ ба даст оварданд.
Ба иттилои BBC, демократҳо аксарияти курсиҳои Сано (Сенат) ва Маҷлиси намояндагонро соҳиб мешаванд. Онҳо дар Сано ҳадди ақал 51 курсӣ ба даст овардаанд, ки барои назорати ин палата кофист.

Шумориши овозҳо ҳанӯз идома дорад ва натиҷаи ниҳоии ҳамаи ҳавзаҳо маълум нест. Аз ҷумла, сарнавишти курсиҳои Сано дар иёлотҳои Аляска ва Миссисипи ҳанӯз пурра рӯшан нашудааст.
Трамп: “Эрон бахше аз моҷаро буд”
Доналд Трамп дар нахустин вокунишаш ба натиҷаҳои интихобот эътироф кард, ки ҷанги Амрико бо Эрон ба шикасти ҷумҳурихоҳон таъсир расондааст.
Ба навиштаи рӯзномаи «The Wall Street Journal«, Трамп дар суҳбати телефонӣ гуфтааст, ки “Эрон бахше аз моҷаро буд”. Аммо ӯ таъкид кардааст, ки аз тасмими ҳамлаи низомӣ ба Эрон пушаймон нест.
“Кори дуруст кардам. Агар боз чунин вазъ пеш меомад, ҳамон корро мекардам”, — гуфтааст ӯ.
Трамп бар ин назар аст, ки сабаби асосии норозигии интихобкунандагон на худи ҷанг, балки болоравии нархи нафт ва сӯзишворӣ будааст.

Трамп дар мусоҳиба бо «Fox News» низ гуфтааст, ки бо вуҷуди шикасти ҳизбаш, нияти тағйир додани ҳайати ҳукуматро надорад. Ӯ ҳамзамон кӯшиш кардааст, ки худро аз масъулияти натиҷаҳои интихобот дур нишон диҳад.
“Номи ман дар баргаи интихобот набуд. Агар мебуд, мо бо бартарии бузург пирӯз мешудем!”, — навиштааст Трамп дар шабакаи иҷтимоии «Truth Social».
Аммо на ҳамаи ҷумҳурихоҳон бо ин назари ӯ розӣ ҳастанд. Аз ҷумла Билл Миллер, яке аз фаъолони собиқадори ҷумҳурихоҳон дар Техас, ба BBC гуфтааст: “Ин айби ӯст. Айби ҳеҷ каси дигар нест. Ин радди комили Доналд Трамп аст”.
Пирӯзиҳои таърихии демократҳо
Ба иттилои хабаргузории «Reuters«, демократҳо дар як қатор иёлатҳои муҳофизакор ба пирӯзиҳое даст ёфтанд, ки чанд даҳсола чунин натиҷаҳо мушоҳида нашуда буд.
Яке аз натиҷаҳои ғайричашмдошт дар Техас сабт шуд. Ҷеймс Таларико, номзади демократҳо, Кен Пакстон, намояндаи ҷумҳурихоҳонро шикаст дод. Тибқи иттилои Reuters, ин нахустин пирӯзии номзади демократҳо дар интихоботи Сенати Техас дар 38 соли охир аст.
Дар Канзас низ натиҷаи таърихӣ сабт шуд. Ба иттилои CBS News, Адам Ҳэмилтон, номзади демократҳо, сенатори ҷумҳурихоҳ Роҷер Маршаллро мағлуб кард. Ин аввалин пирӯзии демократҳо дар интихоботи Сенати ин иёлат аз соли 1932 мебошад.
Хабаргузории «Associated Press» хабар медиҳад, ки демократҳо ҳадди ақал ҳафт курсии Саноро, ки қаблан дар ихтиёри ҷумҳурихоҳон буданд, ба даст овардаанд. Онҳо ҳамчунин дар беш аз бист ҳавзаи Маҷлиси намояндагон пешрафт кардаанд.
Абдул Сайид нахустин сенатори мусулмони Амрико мешавад
Яке аз рӯйдодҳои ҷолиби интихобот пирӯзии Абдул Сайид, номзади мусалмони Ҳизби демократ аз Иёлати Мичиган мебошад. Ба иттилои «Associated Press«, Абдул Сайид дар рақобат бо Майк Роҷерс, номзади ҷумҳурихоҳон, пирӯз шудааст ва дар сурати тасдиқи ваколаташ нахустин сенатори мусулмон дар Амрико хоҳад шуд.

Акс аз Reuters
Ӯ имрӯз, 4-уми ноябр, дар суханроние дар назди ҳаводоронаш гуфт, ки “шумо ба номзаде эътимод кардед, ки кам касон фикр мекарданд, муваффақ мешавад» ва аз онҳо барои дастгирияшон изҳори сипос кард.
То кунун 80%-и овози интихобкунандаҳо шумурда шудааст ва дар рақобат барои ба даст овардани курсии Санои Мичиган Сайид бо беш аз 52%-и раъйҳо пешсаф аст.
Ин рақобат, ки яке аз пурҷанҷолтарин набардҳои интихоботи миёндавраии имсола ба ҳисоб мерафт, ки бо баҳсҳое дар бораи аслу насаб ва дини Сайид ҳамроҳ буд. Ӯ борҳо ба далели мусалмон буданаш ҳадафи ҳамлаву интиқод қарор гирифт, аз ҷумла аз ҷониби Доналд Трамп ва Ҷей Ди Венс, муовини ӯ.
Сайид имрӯз рақибашро барои роҳандозии маъракае, ки дар он дин ва эътиқоди ӯ ба масъалаи асосӣ табдил ёфта буд, танқид кард.
“Ҷей Дии азиз, дар ин моҷаро як нуктаи танзомезе ҳаст: тибқи Қонуни асосӣ, ту вазифадорӣ, ки моҳи январ маросими савгандёдкунии маро баргузор кунӣ. Доналд, бубин, медонам, ки дар талаффузи номи ман мушкил доштӣ. Бинобар ин, вақте Ҷей Ди моҳи январ маросими савгандёдкунии маро баргузор кард, баъд аз он метавонӣ маро сенатор хитоб кунӣ”, — гуфт имрӯз ин сиёсатмадори мусалмон.
Ин сиёсатмадори мусалмон хостори қатъи кумакҳои Амрико ба Исроил аст ва мегӯяд, кумакҳои молии Вашингтон ба Телавив сарфи наслкушӣ дар Ғазза мешаванд..
Қолибоф: “Амрикоиҳо ба ҷанг “не” гуфтанд”
Натиҷаҳои интихоботи Амрико дар Эрон низ вокунишҳои сиёсӣ ба бор оварданд.
Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон, рӯзи 4-уми ноябр дар шабакаи иҷтимоии X навишт, ки шикасти ҷумҳурихоҳон нишондиҳандаи мухолифати шаҳрвандони Амрико ба ҷанг мебошад.

Ба нақли «BBC Persian«, Қолибоф гуфтааст: “Хоҳ ба хотири виҷдон бошад, хоҳ ба далели хароҷоти зиндагӣ, амрикоиҳо ба ҷанг “не” гуфтанд ва мо аз ин паём ҳимоят мекунем”.
Ӯ ҳамчунин ҳушдор додааст, ки агар ҳукумати Амрико паёми интихобкунандагони худро нодида гирад ва ҷангро идома диҳад, бо вокуниши сахти Эрон рӯ ба рӯ хоҳад шуд.
Ин изҳорот дар ҳолест, ки масъалаи хароҷоти ҷанг бо Эрон ва таъсири он ба иқтисоди Амрико ба яке аз мавзӯъҳои асосии баҳсҳои интихоботӣ табдил ёфтааст.
Чаро амрикоиҳо аз ҷумҳурихоҳон «рӯ гардонданд»?
Ба арзёбии хабаргузории «Reuters«, натиҷаҳои интихобот нишон медиҳанд, ки норозигии шаҳрвандон аз болоравии арзиши зиндагӣ, ҷанг дар Эрон ва сиёсати иқтисодии маъмурияти Трамп ба мавқеи ҷумҳурихоҳон зарбаи ҷиддӣ задааст.
Тибқи назарсанҷиҳои рӯзи интихобот, ки «CBS News» нашр кардааст, танҳо 38% пурсидашудагон фаъолияти Трампро ҷонибдорӣ кардаанд. Ин яке аз нишондиҳандаҳои пасттарини маҳбубияти президенти амалкунанда дар остонаи интихоботи миёндавраӣ мебошад.

Дар баробари ин, дар раъйдиҳӣ тағйироти рафтори сиёсии ҷавонон ва интихобкунандагони лотинотабор низ мушоҳида шудааст.
Ба арзёбии таҳлилгарон, натиҷаҳои интихобот на танҳо пирӯзии демократҳо, балки нишонаи коҳиши эътимоди бахше аз ҷомеа ба сиёсати ду соли аввали давраи дуюми раисҷумҳурии Трамп мебошанд.
Давраи раисҷумҳурии Трамп моҳи январи соли 2029 ба поён мерасад. То он вақт ӯ бояд бо Кунгурае кор кунад, ки тибқи назорати ҳар ду палатааш ба дасти демократҳо мегузарад.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.


