Вазорати мудофиаи Тоҷикистон рӯзи 2-юми ноябр хабар дод, ки дар моҳи аввали даъвати тирамоҳӣ беш аз 97 дарсади нақшаи даъвати сарбозон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар иҷро шудааст.
Вазорат дар ин иттилоияи худ нагуфтааст, ки имсол чанд нафарро ба хидмати ҳарбӣ даъват карданист ва то поёни октябр чанд нафарро ба сафи артиш фиристодааст.
Ба иттилои вазорат, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз аввалин минтақаҳое буд, ки нақшаро пурра иҷро кард. Шаҳри Душанбе ва вилояти Хатлон низ то поёни октябр аз иҷрои пурраи нақша хабар додаанд. Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ин нишондиҳанда ба 99,6 дарсад ва дар вилояти Суғд ба наздики 92 дарсад расидааст.
Вазорат қаблан хабар дода буд, ки дар даҳ рӯзи аввали даъват 84 дарсади нақшаи ҷумҳурӣ иҷро шудааст.
Даъвати тирамоҳӣ 1-уми октябр оғоз шуд ва то поёни ноябр идома мекунад. Тибқи фармони президент, мардони аз 18 то 27-солае ба хидмати ҳарбӣ даъват мешаванд, ки барои озод шудан аз хидмат ё ба таъхир андохтани даъват асоси қонунӣ надоранд.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.


