Thursday, May 22, 2025
ads
HomeХабарҳоШоҳроҳи Душанбе Хуҷанд бинобар ҳузури Раисҷумҳур дар бӯстонсарояш баста шудааст

Шоҳроҳи Душанбе Хуҷанд бинобар ҳузури Раисҷумҳур дар бӯстонсарояш баста шудааст

Тибқи иттилои як хонандаи “Паём”, шоҳроҳи Душанбе — Хуҷанд, муҳимтарин шоҳроҳи кишвар баста буда, садҳо мошин дар ин роҳ банд мондаанд.

Ӯ гуфтааст мардум мунтазиранд, ки кай Эмомалӣ Раҳмон тарки бӯстонсаро мекунад, то ба хонаҳояшон раванд.

Дар аксҳое, ки ин хонанда фиристодааст, таҷаммӯъи зиёди мошинҳову одамон дар шоҳроҳи Душанбе — Хуҷанд дида мешавад.

Дар бӯстонсарои “Пуғуз” мулоқоти сарони давлатҳои Тоҷикистон, Покистон, Афғонистон ва сарвазири Қирғизистон мегузарад, ки масъалаи интиқоли барқ тавассути шабакаи CASA-1000 баррасӣ мешавад.

Қаблан ҳам соатҳо қабл аз ҳаракати кортежи Эмомалӣ Раҳмон роҳҳо дар шаҳру навоҳӣ баста мешуданд. Вале мардум аз роҳҳои дигар барои ҳаракат истифода мекарданд. Баста шудани шоҳроҳи рақами аввали кишвар, ки алтернатива надорад ва мардум наметавонад роҳи дигаре пайдо кунад, боис шудаастҳазорҳо нафарро дар масири ин роҳ сарсон кунад.

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?
Яндекс.Метрика