Суханони ахири Эмомалӣ Раҳмон, президенти кишвар, дар Данғара, зодгоҳи хеш, мабнӣ бар инки ҷанги шаҳрвандӣ аз ҷониби баъзе муллоҳо ва ҲНИТ оғоз шуд, ҷанҷолофарин ва баҳсбарангез шуд.
Ҳумайро Бахтиёр, рӯзноманигори ҷасури тоҷик изҳороти баҳсбарангези раисҷумҳурро дар сафҳаи фейсбукии худ мавриди интиқод қарор дода, чунин суол кард: “Ин гуфтаҳо бо такя ба кадом далел? Аҷиб аст. Агар ҷанг дар масҷид сар шуд, кӣ кард? Намозгузорон байни худ?”.
Ӯ дар идома афзуд: “Дар куҷои масҷид силоҳ буд? Мушаххасан аз масҷиди кадом шаҳр ё ноҳия ҷанг сар шуд? Масҷид будагиҳо худ ба худ ҷангиданд? Ва ё масъулину мақомот масҷид рафта буданд?”
Хонум Ҳумайро Бахтиёр маҳз дар ноҳияи Данғара, зодгоҳи раиси ҷумҳур сурат гирифтани ин суханрониро ба шиддат интиқод карда, пурсидааст, ки чаро чунин изҳорот дар Душанбе садо надоданд, балки дар Данғара. Ӯ менависад: “Чаро ин суханон маҳз дар Данғара гуфта шуданд? Рӯзи қабл ки дар донишгоҳи мустақар дар Душанбе ҳам суханронӣ буд.”
Ин журналиси ҷасур мисли дигар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз роҳбарияти кишвар пурсидааст, ки агар Шумо ҲНИТ-ро гунаҳкор мекунед, пас чаро қарорҳои суд алайҳи ҲНИТ-ро расонаӣ намекунед, ки мардум аз воқеъият бохабар шавад. Ӯ мепурсад: “Додгоҳу додситон далелу натиҷаеро эълон накарданд ку!?”
Дар охир ин хонуми рӯзноманигор менависад: “Агар натиҷаи додгоҳ бошад, бояд мардум огоҳ шавад.”
Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, панҷшанбеи 1 сентябр зимни баргузории “Дарси сулҳ” дар бинои нави Донишгоҳи давлатии Данғара, гуфт: «Ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон аз масҷидҳои ҳамонвақта, аз ҷониби баъзе муллоҳо ва бо ташаббуси Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон, ки тибқи қонун ҳизби террористӣ эътироф шуда, фаъолияти он манъ гардидааст, оғоз шуда буд.”
Ин гуфтаҳои ӯ баҳсҳои зиёдеро дар ҷомеа, бахусус дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба бор овардааст ва ҲНИТ то кунун дар ин бора расман изҳори назаре накардааст.