Sunday, October 26, 2025
ADS
HomeПаём нетКони нафти Бохтар ҳам баҳсбарангез шуд

Кони нафти Бохтар ҳам баҳсбарангез шуд

Ширкати “Тетис Петролиум”, молики “Кӯлоб Петролиум” зиди ду ширкати дигари истихроҷи нафт — CNPS ва Total, ки дар истихроҷи нафти кони Бохтар шариканд, ба додгоҳи ҳакамии байналмиллалӣ шикоят бурдааст.

Қаблан ин ду ширкат “Кӯлоб Петролиум”-ро дар напардохтани ҳаққи саҳмиявияш ба маблағи 2 миллион доллар муттаҳам карда, ба додгоҳ шикоят бурда буданд, ки инак “Тетис Петролиум” зидди даъвои онҳо даъвои худро ирсол кардааст. “Тетис Петролиум аз CNPS ва Total 10,1 миллион доллар ҷуброн талаб кардааст.

“Тетис Петролиум” 85 дарсади саҳмияҳои “Кӯлоб Петролиум”-ро дар даст дорад. Ин се ширкати бузурги ҷаҳонӣ мегӯянд, ки дар кони Бохтар 27,5 миллиард бушка нафт мавҷуд аст.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?