Гурӯҳе аз донишҷӯёни кишвар номае ба модари Бузургмеҳр ва Ҷамшед Ёровҳо навишта, ба мо фиристодаанд. Ин донишҷӯён бо далелҳои маълум хоҳиш карданд номҳояшон зикр нашавад. Мо тасмим гирифтем номаро бидуни таҳрир нашр кунем.
Инак матни он нома:
Модари азиз! Мо барои писарони шумо хуни ҷигар мехӯрем. Чун онҳо на танҳо писарони шумо ҳастанд, онхо фарзандони фарзонаи миллатанд. Онхо на танҳо падари фарзандонашон ҳастанд, онхо падари ҳамаи мо, фарзандони Тоҷикистонанд. Ва Шумо хурсанд шавед, ки ин хел писарҳо доред, шумо хурсанд шавед, ки барои писарони шумо тамоми дунё бар зидди ин золим сухан гуфта истодааст..
Писарони шумо қаҳрамони халқи тоҷиканд! Ғамгин набош, модари ҷон, чун бар зидди ин Бузургмеҳри бузург як ҳукумат истодагарӣ карда наметавонад. Чун ҳукумат ботил аст ва Бузургмехр ҳақ аст. Онхо натавонистанд пеши роҳи Бузургмеҳрро гиранд, чун Бузургмеҳр дар роҳи ҳақ буд ва дар роҳаш истодагарӣ кардааст. Ва дар бораи Бузургмеҳр дар тамом конфронсҳои ҷаҳонӣ сухан мекунанд ва аз ӯ мегӯянд.
Модари ҷон! Муҳим он аст, ки писарони шумо дар назди мардум гунаҳкор нестанд. Ғамгин мабош модари ҷон, мо ҳам фарзандони шумоем.
Бузургмеҳр барои мо зиндон шуд, ва мо тайёрем барои Бузургмеҳр ҳар коре аз дастамон меояд кунем… Ва инак бо Бузургмеҳр дилашон қарор нагирифт, омаданд ба сӯи Ҷамшед. Пас магар ин фахри шумо нест, модари ҷон? Чун як ҳукумати калон саргардон бо Ёровхо.
Агар Ёровхо ба зиндон раванд, дар точикистон барқ мешавад? Магар ба зиндон рафтани Ёровхо ҷойи кор барои муҳоҷирон мешавад? Чӣ хеле, ки бо рафтани ҲНИТ ва Кабирӣ ҷойи кор ва барқ «шуд»?
Пас ғамгин мабош модари ҷон, чун фарзандони шумо қаҳрамонанд.