Monday, April 13, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетҲамлаи Толибон дар ноҳияи ҳаммарзи Тоҷикистон 17 кушта боқӣ гузошт

Ҳамлаи Толибон дар ноҳияи ҳаммарзи Тоҷикистон 17 кушта боқӣ гузошт

Дар паи ҳуҷуми Толибон ба постгоҳи ҳимоятгарон дар марзи Тоҷикистону Афғонистон ҳабдаҳ кас кушта шуд.

Гурӯҳи тундрави Толибон ба минтақаи Тахори воқеъ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон ҳуҷум карданд.

Ҳодиса субҳи рӯзи якшанбе ба вуқӯъ пайваст, хабар медиҳад шабакаи 1TV.

Бино ба гуфти намояндаи ҳокими вилояти Таҳор, Толибон ба посгоҳ ҳимоятгарони миллӣ ҳуҷум кардаанд.

Мувофиқи маълумоти расмӣ, дар паи ҳуҷум 17 кас аз ҳимоятгарон кушта шуда, чаҳор нафари дигар бо ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ ба бемористон интиқол дода шудаанд.

Дар натиҷаи ин бархӯрд чор ҳимоятгари дигар захмӣ шуданд.

Дар Афғонистон Толибон ҳамоно ба манотиқи марзӣ ва шаҳрҳои бузург ҳуҷум мекунанд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular