Tuesday, April 14, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетПосухи Трамп ба шарти Зариф барои музокира: На, мамнун

Посухи Трамп ба шарти Зариф барои музокира: На, мамнун

Раисҷумҳури Америко ба шарти вазири умури хориҷаи Эрон барои бозгашт ба музокира, “на, мамнун! “ гуфт. 

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико пешниҳоди Муҳаммад Ҷавод Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон барои анҷоми музокира бо Амрико дар сурати бардошта шудани таҳримҳоро бо ҷумлаи “на хайр, мамнун”, посух дод. 

Зариф дирӯз дар изҳороте гуфта буд, ки агар таҳримҳо бардошта шавад, Эрон омодаи музокира бо Амрикост. Трамп низ дар як паёми твиттерӣ нисбат ба он вокуниш нишон додааст. 

Трамп дар твитти худ навиштааст: Вазири умури хориҷаи Эрон гуфта, ки Эрон хостори музокира бо Амрико аст аммо хостори бардошта шудани таҳримҳост. На, мамнун! 

Вазири умури хориҷаи Эрон дирӯз дар мусоҳиба бо маҷаллаи “Шпигел”-и  Олмон эълом кард: Дарҳои музокира бо Иёлоти муттаҳида баста нест. Агар Трамп тағйири рӯй дода ва таҳримҳоро бардорад, метавонад ба мизи музокира бозгардад.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular