Барои нахустин бор Исроил ба шаҳрвандони худ иҷоза дода, ки ба Арабистон сафар кунанд, ба шарти ду мақсуд: ширкат дар маросими динӣ монанди зиёрати ҳаҷ ё бо ҳадафи касбу кор ба муддати 90 рӯз. То кунун шаҳрвандони Исроил иҷоза сафар ба Арабистонро надоштанд.
Давлати Исроил барои нахустин бор дар шароите ба шаҳрвандони худ иҷоза медиҳад, ки ба Арабистони саудӣ сафар кунанд.
Рӯзи якшанбе 26 январ Ория Диръӣ, вазири умури дохилаи Исроил, санадеро имзо кард, ки ба шаҳрвандони ин кишвар иҷоза медиҳад ба далоили динӣ, мисли ширкат дар маросими мазҳабӣ, монанди маносики ҳаҷ, ё ба қасди касбу тиҷорат барои муддати 90 рӯз ба Арабистони саудӣ сафар кунанд.
Ин муҷаввизи машрут ба он аст, ки мусофирон даъватномаи расмӣ аз сӯи мақомҳои Саудӣ дошта бошанд.
Ҳукумати Арабистони саудӣ бо давлати яҳудии Исроил робита расме надорад, аммо дар ин авохир равобити ду кишвар аммо ба хотири душмани муштарак бо Эрон беҳбуд ёфтааст.
Афзун бар ин ҳам Исроил ва ҳам Арабистон аз муттаҳидони Иёлоти муттаҳида ба шумор мераванд.
Яке аз сиёсатҳои роҳбурдии Бинёмин Натонёҳу ин аст, ки борҳо гуфтааст Исроил бояд дар баробари “таҳдидҳои Эрон дар минтақа” бо кишварҳои арабии Ховари Миёна равобити дӯстона барқарор кунад.
Арабистон то кунун аз тамоси расмӣ бо Исроил худдорӣ карда, аммо дар солҳои ахир аз лаҳни хасмонаи зиддиисроилӣ иҷтиноб меварзад.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

