Донишгоҳи Пенсилванияи ИМА рейтинги марказҳои таҳлилӣ «Global Go To Think Tank Index Report 2019»-ро муаррифӣ намуд, ки дар он Маркази тадқиқоти стратегии (МТС) назди раисҷумҳури Тоҷикистон ҷо дода шудааст.
Дар рейтинги марказҳои таҳлилӣ дар Осиёи Марказӣ, Маркази тадқиқоти стратегии назди раисҷумҳури Тоҷикистон миёни 63 пажӯҳишгоҳи тадқиқотию таҳлилии Осиёи Марказӣ зинаи 37-умро ишғол намудааст. Маркази тадқиқоти стратегӣ дар муқоиса бо соли гузашта як зина боло рафта, нишондиҳандаҳоро нисбат ба соли 2017 дар чор мавқеъ беҳтар намудааст. Соли 2017 Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон дар байни 63 маркази таҳқиқотии кишварҳои Осиёи миёна дар зинаи 40-ум қарор дошт.
Дар рейтинг инчунин дар зинаи 57-уми гузориш Маркази бозори озоди Тоҷикистон ҷой дода шудааст. Ин марказ дар муқоиса ба соли гузашта ду зина боло рафта, нишондиҳандаҳоро нисбат ба соли 2017 дар панҷ мавқеъ беҳтар намудааст. Соли 2017 Маркази бозори озоди Тоҷикистон як зина боло аз охирон, дар знаи 62-ум қарор дошт.
Муаллифони рейтинг инчунин ҳисоб кардаанд, ки дар Тоҷикистон 7 маркази таҳлилӣ фаъолият мекунанд. Дар гузориш оварда шудааст, ки дар Қазоқистон 31 маркази таҳлилӣ, дар Қирғизистон — 28, дар Ӯзбекистон – 12 марказ фаъоланд, Туркманистон ба рейтинг шомил карда нашудааст. Аз рӯи шумори марказҳои таҳлилӣ Тоҷикистон байни кишварҳои Осиёи миёна аз ҳама дар ҷои охир қарор дорад.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

