Thursday, April 23, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нет10 донишҷӯи тоҷик дар Вуҳон боқӣ монданд

10 донишҷӯи тоҷик дар Вуҳон боқӣ монданд

10 донишҷӯи тоҷик дар шаҳри Вуҳони Чин боқӣ мондаанд. 7 нафар аз онҳо бинобар доштани таби баланд мавриди ташхис қарор гирифтаанд ва аз сафари онҳо пешгирӣ шудааст. 

Дар ин бора м  Вазорати тандурустии Тоҷикистон хабар дода, гуфтааст ҳамчунин 3 нафари дигари донишҷӯёни тоҷик бо хоҳиши худ аз сафар ба Тоҷикистон худдорӣ кардаанд.

Вазорат гуфтааст манъи донишҷӯён аз сафар маънои гирифтори бемории коронавирус будани онҳоро надорад. Тибқи талаботи карантинӣ, ки дар шаҳри Вуҳон ҷорӣ аст, нафароне, ки таби баланд доранд, дар ҳолати карантинӣ қарор дода мешаванд.

Гуфтанист, субҳи 11-уми феврал ҳавопаймои махсус 46 шаҳрванди Тоҷикистонро аз Вуҳон ба Душанбе овард. Онҳо дар осоишгоҳи “Харангон”-и ноҳияи Варзоб давоми ду ҳафта дар ҳолати карантинӣ фаро гирифта мешаванд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular