Thursday, April 23, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетТрамп карантинро тамдид кард

Трамп карантинро тамдид кард

Президенти ИМА Доналд Трамп муқаррароти давлатиро дар бораи бо сабаби пандемияи коронавирус дар хона истодани мардумро то 30 рӯзи дигар – то охири моҳи апрел — тамдид кард. То имрӯз дар саросари ҷаҳон бар асари Ковид-19 беш аз 37800 нафар ва дар ИМА 3166 нафар ҷон додаанд.

Трамп дар як нишасти хабарӣ дар Вашингтон гуфт, ки эҳтимолан авҷи паҳншавии коронавирус дар ИМА “дар ду ҳафтаи наздик” мушоҳида шавад. Ӯ изҳори умедворӣ кард, ки баъди он “бояд поинравии суръати нишондодҳо ҳам шурӯъ шавад”.

Ӯ гуфт, ки муқаррароти марбут ба инзиво ваё дур истодани мардум аз ҳамдигарро ба хотири коҳиш додани суръати олудашавӣ ба вирус тамдид мекунад. Дар саросари ИМА шумори гирифторон ба коронавирус аз марзи 143 ҳазор нафар гузашта, 2513 нафар ҷон додаанд.

Трамп таъкид кард, ки “ҳар як нафар бояд дастури рафтор дар замони бӯҳрони коронавирусро ҷиддан риоя кунад” ва бидуни зарурати оҷили мисли харидории ғизо ва маводи дорувор ба кӯча набарояд.

Қабл аз ин як мутахассиси аршади амрози сироятӣ ҳушдор дод , ки ҳодисаҳои марг бар асари коронавирус метавонад ба 200 ҳазор нафар бирасад.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular