Дар Ӯзбекистон ба далели карантин барои хонандагони муасисаҳои таълимӣ таҳсили виртуалӣ ва онлайнӣ роҳандозӣ шуд.
Тавре хабаргузории ӮзТАГ гузориш медиҳад, дар ин бора Шерзод Шерматов, вазири маорифи Ӯзбекистон дар коноли Телеграмии худ хабар додааст.
Дар канали Телеграмии вазири маорифи узбекистон гуфта шудааст, ки аз субҳи 30 март дар Ӯзбекистон тарҳи таҳсили фосилаӣ – мактаби онлайнӣ роҳандозӣ шуд.
Дарсҳои видеоӣ аз тариқи шабакаҳои телевизионии National Geographic, Eurosport, Охота и рыбалка, Muz TV, ТВЦ, Fashion TV ва RU.TV пахш мешавад.
Ин ҳам дар ҳолест, ки Вазорати илм ва маорифи Тоҷикистон эълон кардааст, ки бидуни карантин дарсҳои муассисаҳои таълимӣ сар аз якуми апрел оғоз мешавад ва хонандагон баъди таътилӣ баҳорӣ ба дарс ҷалб карда хоҳанд шуд.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

