Корманди ҷавони додситонии шаҳри Душанбе Ҷалолиддин Пиров, ки ҳафтае пеш бемори бистарӣ шуда, субҳи 19-уми апрел фавтидааст. Пиовро ки ба ҳайси сардори шӯъбаи назорати милиса дар додситонии шаҳри Душанбе кор мекард, кормандони мақомот субҳи дирӯз оварда дар саҳни ҳавлӣ ҷаноза кардаанд ва мустақим барои дафн ба оромгоҳ бурданд.
Радиои Озодӣ, бо истинод ба мусоҳибаш, ки дар ҷаноза ширкат доштааст, навишта, ки ӯ гуфтааст: “Аз эҳтиёт касе рӯи тобутро боз накард. Тобутро бо мошини ёрии таъҷилӣ ба хона оварданд ва бо ҳамон то гӯристон бурданд.” Ба қавли яке аз онҳое, ки Ҷалолиддин Пировро дар бемористони “Истиқлол” дидааст, вазъи сиҳатии ӯ “якбора рӯзи 16-уми апрел бад шудааст.”
Яке аз кормандони Додситонии кулли Тоҷикистон гуфтаст, Ҷалолиддин Пиров ҳафтае пеш бемор будааст ва ба ӯ гуфтаанд, ки “барои эҳтиёт дар карантин бошад” вале хеч гуна суҳбате дар бораи коронавирус набудааст.
Ҷалолиддин Пиров рӯзи 13 апрел дар шифохонаи бемориҳои сироятии шаҳри Душанбе бо диагноз ё ташхиси илтиҳоби шуш ё пневмония бистарӣ шуд ва се рӯз баъдаш бо вазнин шуданаш ба бемористони “Истиқлол” гузаронда шуд. Дар ин байн вазъи бархе аз ҳампалатаҳои ӯ низ бадтар шуда, ҳамсари яке аз беморон гуфтааст, шавҳарашро, ки бо Ҷалолиддин Пиров дар як палата табобат мегирифт, бо сабаби нафастангӣ ва сулфаи сахт низ ба “Истиқлол” бурданд. Як табиби ин бемористон мегӯяд, ҳама ҳампалатаҳои Ҷалолиддин Пиров карантин шудаанд.
Сомонаи Ахбор ба нақл аз манбаъҳои худ навиштаст, ин шахс чанде пеш аз сафари хориҷӣ баргашта, бо роҳи шиносбозӣ давраи 14-рӯзаи карантини маҷбуриро нагузаштааст. Мақомоти расмӣ дар бораи ин воқеа ҳанӯз хабаре ба нашр нарасондаанд. Вале онҳо гуфтаанд, ки дар кишвар ягон мавриди сирояти КОВИД-19 сабт нашудааст, ҳарчанд марги чанд нафар аз бемории илтиҳоби шуш дар чанд вақти ахир шубҳаву гумонҳо дар бораи баёнияҳои мақомоти расмиро афзудааст. Сару садо ва изҳори шубҳаву гумон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба ҳадде расид, ки вазорати тандурустӣ рӯзи 17-уми дар ҷаласаи ситоди мубориза бо коронавируси нав фавту ва гирифторӣ ба бемории илтиҳоби шушро баррасӣ кард.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

