Monday, April 27, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетБоздошти 5 мубаллиғи тоҷик дар Ҳинд

Боздошти 5 мубаллиғи тоҷик дар Ҳинд

Бино ба гузориши матбуоти Ҳинд, дар ин кишвар 5 мубаллиғи динӣ аз Тоҷикистонро дастгир кардаанд. , як расонаи интернетии Ҳинд рӯзи 18-уми апрел хабар дод, ки шаҳрвандони Тоҷикистон рӯзи 24-уми март дар масҷиди Тамар дар шаҳри Ҷарханд дастгир шудаанд.

Вебсайт аз қавли афсарони пулиси Ҳинд навиштааст, ки ин афрод ба таблиғи ғайриқонунии Ислом машғул будаанд. Сабаби боздошт ба гуфтаи афсарони пулис, риоят накардани муқаррароти карантин ва низоми раводид будааст. Дар хабар омадааст, ки дар умум 11 нафар мубаллиғи диниро дастгир карданд ва чаҳор нафари онҳо аз Чин ва се тани дигар аз Қирғизистон будаанд.

Дар хабар аз қавли Раҷив Ранҷан афсари пулис навиштаанд: “Ҳангоми таҳқиқ маълум кардем, ки ин афрод бо раводиди туристӣ омадаанд, вале дар масҷиди Тамар пайдо шуданд. Онҳо ба афсарони пулис гуфтанд, ки барои хондани мавъизаҳои исломӣ дар шаҳри Ҷарханд ба инҷо омадаанд.” Шаҳрвандони Тоҷикистон ва ҳамроҳони онҳоро баъди ташхис аз бемории КОВИД-19 ба карантин фиристодаанд. Маълум нест, ин мубаллиғон аз Тоҷикистон рафтаанд ва ё аз кишвари дигар. Назари сафорати Тоҷикистон ва Чину Қирғизистон ҳам дар хабар оварда нашудааст.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular