Saturday, April 25, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетШумори қурбониёни коруно дар Амрико аз талафоти ин кишвар дар ҷанги Ветнам...

Шумори қурбониёни коруно дар Амрико аз талафоти ин кишвар дар ҷанги Ветнам фаротар рафт

Шумори қурбониёни вируси коруно дар Иёлоти муттаҳидаи Амрико аз теъдоди талафоти ин кишвар дар ҷанги Ветнам фаротар рафт. 

Бар асоси охирин омори донишгоҳи “Ҷонс Ҳопкинс” Амрико дар хусуси шумори қурбониёни вируси коруно дар ин кишвар, бо фавти беш аз ду ҳазор нафари дигар тайи шабонарӯзи гузашта, маҷмӯъи қурбониён дар Иёлоти муттаҳида ба беш аз 58 ҳазору 350 нафар афзоиш ёфт. 

Бар асоси иттилооти дафтари миллии бойгонӣ ва мадорики Амрико, теъдоди қурбониёни вируси коруно аз талафоти ҷанги Ветнам, ки 58 ҳазору 220 кушта барҷой гузошт, фаротар рафт. 

Расонаҳои Амрико низ аз сабқати омори қурбониёни коруно аз шумори талафоти ҷанги Ветнам навиштаанд. 

Аз ҳар 100 ҳазор амрикоӣ рӯзона 17.6 нафар бар асари ибтило ба коруно ҷони худро аз даст медиҳанд дар сурате, ки дар авҷи ҷанги Ветнам дар соли 1968 ин мизон дар изои ҳар сад ҳазор амрикоӣ, 8.5 нафар сабт шуда буд. 

Бар асоси охирин омори расмӣ дар Иёлоти муттаҳидаи Амрико, шумори мубталиён ба вируси коруно дар ин кишвар ба беш аз як миллион нафар расида ва теъдоди қурбониён низ ба беш аз 58 ҳазору  350 тан афзоиш ёфтааст. 

Туркия ба Амрико ҷиҳати муқобила бо коруно кумакҳои пизишкӣ ирсол кард 

Туркия дар идомаи талошҳои худ барои ҳамбстагӣ бо кишварҳои хориҷӣ дар баробари шуйӯъи COVID-19 ба Амрико ба унвони кишваре, ки бештарин осебро аз коруно мутаҳаммил шудааст, лавозими пизишкӣ ирсол кард. 

Туркия пеш аз ин низ ба Итолиё, Испониё, Македонияи шимолӣ, Мунтангару, Босния ва Гретсия (Ҳарзгуин), Сербистон, Косво (Кӯзуу), Англистон ва Сомалӣ кӯмакҳои пизишкӣ ирсол карда буд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular