Имрӯз баъди намози ҷумъа мардуми Миср ба кӯчаҳо рехта истеъфои Абдулфаттоҳ-ас-Сисӣ раисҷумҳури кудатогари ин кишварро талаб доранд.
Поёнравии бесобиқаи иқтисоди Миср ва нокомии тими кудатогарон мардумро нороҳат кардааст. Қарзи давлатии ин кишвар ҳам дар замони ҳукмронии Сисӣ бо шиддат афзоиш ёфтааст. Миср дар ин рӯзҳо ҳам ният дорад аз Бонки ҷаҳонӣ 12 миллиард доллар қарз дарёфт кунад.
Дирӯз беш аз 100 нафар низомиёни ин кишвар эълон карданд, ки раисҷумҳури қонунии Миср Муҳаммад Мурсӣ аст ва онҳо аз итоат ба Сисӣ даст мекашанд. Онҳо шиор медоданд, ки “Раиси мо Мурсӣ аст ва ту дафъ шав эй Сисӣ”. Ин низомиён гуфтаанд, ки ба зудӣ кудатои ҳарбии Сисӣ шикаст хӯрда ва ҳукумати қонунӣ бар хоҳад гашт.
Эътирозгарон тазоҳуроти имрӯзаро “Инқилоби пирӯзшуда” эълон карда гуфтаанд, ки алайҳи кудатогар Сисӣ, ки Мисрро вайрон, иқтисодашро хароб ва қурби пулашро ба таври бесобиқа поён бурдааст қиём намудаанд.
“Ихвонулмуслимин аз ин тазоҳурот истиқбол кардааст, аммо ҳизби салафии “Нур” аз ширкат дар он даст кашид. Як вакили ҳизби “Нур” гуфтааст, ки Сисӣ тибқи манҳаҷи Паёмбар (с) ҳаракат дорад ва бинобар имкон надорад, ки мухолиф надошта бошад.
Сухангӯи “Ихвонулмуслимин” гуфт, ки ин ҳизб ҳамроҳи мардум аст ва агар мардум ба кӯчаҳо баромад онҳо ҳам берун хоҳанд шуд ва агар мардум аз баромадан ба майдон даст кашид, дар ин ҳолат ҳам бо мардум хоҳанд буд.
Мақомоти қудратии Миср ду рӯз қабл аз тазоҳурот ҳазорҳо нафар, аз ҷумла 8 нафар роҳбарони “Ихвонулмуслимин”-ро боздошт кард, аммо ин боздоштҳо тасмими мардумро дигар накард.