Monday, April 27, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетӮзбекистон ба ҳайси нозир вориди Иттиҳоди иқтисодии АО мешавад

Ӯзбекистон ба ҳайси нозир вориди Иттиҳоди иқтисодии АО мешавад

Сенаторҳои Узбекистон рӯзи 11-уми май масъалаи ҳамкориҳои ин кишвар бо Иттиҳоди иқтисодии Авруосиёро баррасӣ карданд.

Дар иттилоияи маркази матбуотии палатаи болоии порлумони Узбекистон омадааст, ки «Баъди баҳсҳои ошкор сенаторҳо пешниҳоди ҳукумати Узбекистонро дар бораи ширкат дар Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ба ҳайси кишвари нозир қабул карданд».

Ҷонибдорони шомил шудан ба Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё дар сенати Узбекистон гуфтаанд, ки шомил шудан ба ин созмон ҳаҷми савдои хориҷиро меафзояд, тарҳҳои бузурги сармоягузориро ҷалб мекунад, ҳамзамон имкон медиҳад, ки маҳсулоти кишоварзии Узбекистон ба кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё бидуни расмиёти гумрукӣ содир шавад.

Аммо мухолифони шомил шудан ба ин созмон гуфтанд, дар Узбекистон мумкин аст, ҳаҷми истеҳсоли бархе аз самтҳои иқтисод коҳиш ёбад, норасоии ҷойҳои корӣ ба миён ояд, равандаи фаъолияти сармоягузорӣ ва муосирсозии саноат кунд шавад.

Рӯзи 28-уми апрел палатаи поёнии порлумони Узбекистон аз тарҳи шомилшавии кишвар ба Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ба ҳайси нозир ҷонибдорӣ кард. Ҳамакнун танҳо имзои президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев кофист, ки он кишвар ҳамчун нозир шомили ИИАО шавад.

Дар айни ҳол Арманистон, Белорус, Қирғизистон, Қазоқистон ва Русия узви ин созмони таҳти нуфузи Кремл ҳастанд.

Сообщение ПАЁМ.net.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular