Friday, May 16, 2025
ads
HomeХабарҳоЭмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев телефонӣ мулоқот карданд

Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев телефонӣ мулоқот карданд

Дафтари матбуоти перзиденти Тоҷикистон иттилоъ додааст, ки Эмомали Раҳмон баъд аз ирсоли як барқияномаи шодбошӣ ба унвони президенти тозаинтихоби Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба ӯ занг задаву онҳо суҳбати телефонӣ доштаанд.

Гуфта мешавад, ки раисҷумҳури Тоҷикистон Шавкат Мирзиёевро ба муносибати пирӯзияш дар интихоботи рӯзи 4 уми декабри соли равон табрик гуфта, хостори муносиботи хубу хуши ду давлати ҳамҷавор гаштааст. Ба таъкиди манбаъ раҳбарони ду давлат аз ҳамкориҳои минбаъдаи дуҷониба ва рушди ду кишвари ҳамсояву дӯст низ сухан ба миён овардаанд ва“дурнамои рушди онҳоро дар рӯҳияи анъанаҳои созандаи мероси таърихии муносибатҳои чандинасраи неки ҳамҷавории мардумони ду кишвар баррасӣ намуданд”.

Эмомали Раҳмон ба номи ҳамтои ӯзбеки худ баъд аз 21 дақиқаи эълони пирӯзии ӯ барқияи шодбошӣ фиристодааст. Раиси Комиссияи марказии интихоботи Ӯзбекистон Мирзоулуғбек Ғуломов 5 уми декабр дар робита ба натоиҷи интихоботи президентӣ дар кишвараш, ки рӯзи якшанбеи 4 уми декабр баргузор гардид, ҳини як изҳорот гуфт, ки Шавкат Мирзиёев бо гирифтани 88, 61 дарсади оро барандаи курсии президентӣ дар Ӯзбекистон гашт ва ба ҷонибдории ӯ 15 миллиону 906 ҳазору 724 кас овоз додаанд.

Интихоботи президентиро дар Ӯзбекистон 35 ҳазор нозир таҳти назорат доштанд ва ҳанӯз гузорише дар робита ба тақаллуб ва ношаффофияти он ба нашр нарасидааст.

Шавкат Мирзиёев дуюмин президенти Ӯзбекистон дар замони истиқлоли ин кишвар аст, ки пас аз чаҳоряк аср дар сари қудрат будани Ислом Каримову дар авоили моҳи сентябри соли равон вафот кардани ӯ ба тозагӣ ба мақоми раисҷумҳурӣ интихоб гардид. Вай баъд азмарги Каримов эълом дошта буд, ки Ӯзбекистон ба ягон блоки ҳарбӣ дохил нахоҳад гашт ва бо роҳи пешгирифтаи худ суботкорона гом хоҳад бардошт. Тамоми ҷамоҳири Осиёи Марказӣ бо шумули Тоҷикистон умедвор ҳастанд, ки муносиботи сиёсиву иқтисодиашон бо Ӯзбекистон аз ин баъд ба гунаи дигар рушд хоҳанд кард, ки дар замони ҳукмронии Каримов ба мушкил гирифтор буданд.

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?
Яндекс.Метрика