Муносибат ва бархурдҳои кишварҳои ғарбӣ бо ҷаҳони ислом рӯз ба рӯз дорад тира мешавад. Ҳама ҷо бори гуноҳи хушунату зиёдаравӣ ба гардани мусалмонон бор мешавад. Дар ҳар куҷое як ҳодисаи таркиш ва ё кушторе воқеъ шуд дар ҷустуҷуи муҷрим пеш аз ҳама ифротии исломӣ ба ёд мезанад. Дар кишварҳои мусалмоннишин кор то ҷое расидааст, ки як фарди мусалмон ҳатто дар ватани хеш худро амн ҳис карда наметавонад. Бо оддитарин ҷурм, бо як қадами беҷо ба солиёни дароз пушти панҷараи зиндон мешавад. Зиндонҳои кишварҳои Осиёи Миёна аз ҷумла Тоҷикистон аз муттаҳамон ба террористу экстремист пур мешавад. Тазйиқу фишор болои шаҳрвандони диндор рӯз ба рӯз афзун гардида дар паҳнои олам зиндагӣ барои мусалмон танг омадааст.
Паём.нет дар ин бора бо донишманди маъруфи тоҷик Абдусалом Одиназода як сӯҳбате анҷом дод, ки пешкаши хонандагон мегардад.
Шарҳи ҳол: Абдусалом Одиназода 25-уми январи соли 1968 дар оилаи деҳқон дар деҳаи Сурхи ноҳияи Исфара ба дунё омадааст. Солҳои 1985 – 1992 дар Донишгоҳи давлатии Новосибирск таҳсил мекунад. Дар давоми солҳои 1992-1998 дар пажӯҳишгоҳи биоорганикии кимиё дар Новосибирск ҳимояи номзадӣ кардааст. Баъдан дар донишгоҳҳои Purdue University дар ИМА, солҳои 1999-2000, донишгоҳи Stockhom University дар Шветсия соли 2002, дар донишгоҳи The University of Western Australia солҳои 2006-2012 фаъолияти илмӣ доштааст. Дар ширкатҳои СибЭнзим (Новосибирк) солҳои 2001-2002, солҳои 2012-2015 ҳамчун намояндагии ин ширкат дар Австралия, Медико-Биологический Союз (Новосибирск) солҳои 2003-2004, Биотест (Новосибирск) соли 2005 кор мекунад. Дар баробари ин шахси огоҳ аз сиёсатҳои ҷаҳонӣ ва таъриху тамаддуни кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошад.
Муаллифи даҳҳо мақолаҳои илмӣ мебошад, ки дар паҳнои собиқ Шӯравӣ ва аз Австралия то ИМА нашр шудаанд. Оиладор соҳиби ду фарзанд аст.
***
ПАЁМ.net: Дар шароити имрузи чаҳонӣ сабаб чист, ки дар тамоми олам барои мусалмонон дунё танг омадааст. Дар ҳар куҷое набошад, ҳатто дар ватани хеш мусалмон худро дар амн ҳис намекунад?
Абдусалом Одиназода: Фикр мекунам, омили асосӣ ин дини ислом аст ва бархӯрди тамаддуни ғарбӣ бо ин дин.
Дунёи имрӯза набардест байни ду фалсафа ва ё сабки ҳаётӣ — моддигароӣ ва маънавигароӣ. Ғарб ҳаёти комилан моддиро бипазируфт ва аз дини худ, ки масеҳӣ буд, ба таври бояду шояд даст кашид. Ҳамин сабки ҳаётии моддигароёнаашро Ғарб ба кулли тамаддунҳои дунё ба мисли русӣ, ҳиндӣ, чинӣ ва ғайраҳо ба осонӣ таҳмил дод ва худашро бар сари системаи имрӯзаи ҷаҳонӣ, ки куллан моддигароёна аст, насб кард.
Аммо дунёи ислом инро ба ҳеҷ сурат напазируфт. Тамаддуни исломӣ сабки ҳаёти маънавигароёнаашро аз даст надод ва баръакс тавсеа бахшид. Ғайричашмдошт, барои ҳама дар ҷаҳон рӯшан шуд, ки мусалмонҳо ба таври қатъӣ аҳмақ нестанд ва онҳо нирӯе ҳастанд, ки шояд инсониятро аз сабки ҳаёти имрӯза, ки сабки ҳаёти ҷонваронро мемонад, наҷот бидиҳанд. Яъне, тамаддуни исломӣ бо арзишҳои худ имрӯз хатаре бузург барои Ғарб аст ва Ғарб метарсад, он мавқеъи имрӯзаи худро аз даст диҳад. Аз ин лиҳоз, имрӯз ин Ғарб аст, ки асабӣ ва хашмгин аст, на Дорулислом.
ПАЁМ.net: Дурбини ин хашмҳои ғарбиёна алайҳи мусалмонон чи хоҳад буд. Оё барои мусалмонон роҳе барои наҷот аз ин хашмҳо вуҷуд дорад?
Абдусалом Одиназода: Мутаасифона, ҳаводиси сӣ соли ахир нишон медиҳад, ки ғарбиҳо қодир ва омода нестанд, ки заъифии худ ва зуҳури нирӯи нави ҷаҳонӣ, ки тамаддуни исломист, ташхис бидиҳанд ва бипазиранд. Зарфияти зеҳнӣ ва ирфонии ғарбӣ батадриҷ дар ҳоли коҳиш аст ва ғарб тавони идроки ҷаҳони имрӯзаро ба таври муносиб надорад. Аз ин рӯ қодир нест, ки кулли ҳаводисеро, ки дар ҷаҳон, махсусан дар минтақаи Ховари Миёна иттифоқ меуфтад, пешбинӣ бикунад. Ба таври куллӣ, ин системаи сиёсии Ховари Миёна ва Осиёи Марказӣ, ки мо имрӯз дорем, сохтаи ғарбиҳост. Харитаи минтақаи мо бо дасти ҳаминҳо дар дафтарҳои пинҳониашон, кашида шудааст, ва ҳамаи роҳбарони мо, аз раисҷумҳурҳои мо кишварҳои Осиёи Марказӣ шурӯъ карда то подшоҳони арабӣ, нишондагони ҳамин аврупоиҳо ҳастанд, ва ҳамин зӯри силоҳи ғарбӣ аст, ки ҳамаи ин одамҳо ва оилаҳои онҳоро, дар сари қудрат нигоҳ медорад. Дар ин шароит, баргардонидани кишварҳо ба дасти мардуми бумии мусалмони ин сарзамин, бо роҳи сулҳу осоиштагӣ ба назар ғайриимкон менамояд.
ПАЁМ.net: Пас агар шуморо дуруст фаҳмида бошам, тазйиқу фишор ва таъқиби диндорон дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва хусусан Тоҷикистон ҳам ба ҳамин муборизаҳо алоқаманд аст?
Абдусалом Одиназода: Сад дар сад. Оқои Эмомалӣ Раҳмон ва аҳли оилааш худ мусалмон ҳастанд ва худи онҳо мефаҳманд, ки чӣ гуна гуноҳи бузургеро дар ҳоли анҷом додан ҳастанд. Аммо сарпарастони сиёсӣ ва молии онҳо онҳоро водор месозанд, ки ин ҳама корҳои хеле аҷибу ғариб ва ғайримантиқиро нисбати дини ислом ва мардуми кишвари худ анҷом бидиҳанд. Ҳамин ҳолат дар ҳамаи кишварҳои минтақа мушоҳида мешавад. Роҳбарони феълии мо дигар илоҷ ҳам надоранд, ва чӣ тавре, ки русҳо мегӯянд байни «молот» ва «наковалня» мондаанд.
ПАЁМ.net: Чаро кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки аслан ҳамдин ҳастанд ва бисёре аз урфу одатҳо, таърих ва муқаддасотҳо мардуми ин кишварҳоро ба ҳам мепайвандад, аммо муносибатҳо тира ба назар мерасад?
Абдусалом Одиназода: Ин ҳама моҷаро он рӯзе шурӯъ шудааст, ки русҳо ба ҷои кишварҳои суннатии мо Бухоро, Хоразм ва Ҳӯқанд, ки дар ин кишварҳо як миллат, «Миллати мусалмон» зиндагӣ мекард, ва асосан як забони расмӣ- забони форсӣ вуҷуд дошт, кишварҳо, «миллатҳо» ва «забонҳо»-и мухталиферо сохтаанд. Ҳамзамон ба ҷои як торихи умумие, ки мо доштаем, барои ҳар як «миллат’-и сохтаашон, «торихча»-и худашро сохтаанд, ва водор кардаанд, ин торихчаҳои сохташуда, ки ба таври куллӣ шадидан тафреҳшуда ва иштибоҳист, дар мактабҳо тадрис бишаванд. Дар натиҷа, дар ҳудуди ин ҳама «кишваракҳои» русҳо сохта устураҳои каҷе тӯли ин 90-100 соли ҳукмронии русҳо рушд кардааст, ки хеле душмантарош ва примитив аст. Ҳаминро мо дар бархӯрди тоҷикҳо ва узбекҳо, ки воқеъан метавон гуфт, аз нигоҳи дину имон як миллатанд, метавонем мушоҳида бикунем, ки имрӯз чӣ қадар душмани ҳамдигар шудаанд.
ПАЁМ.net: Инҷо, ки ба муносиботи узбеку тоҷик дахл кардед, ҳаминро пурсиданиям, ки чи чиз метавонад дар оянда ин ду миллати ҳамдину таърихи муштаракдоштаро ба ҳам биёрад?
Абдусалом Одиназода: Ислом, Ислом ва боз ҳам Ислом. Бозгашт ва эътирофи дини мо аз тариқи расмӣ. Бозгашт ба ислом ҳама чизро ҷобаҷо хоҳад кард, иншооллоҳ. Нажодпарастӣ ва қавмгароӣ нест хоҳад шуд, чаро, ки дар ислом ин ҳаром аст. Ришвахорӣ ва дуздӣ кам хоҳад шуд. Зеро мардуми мазҳабӣ худотарс мешаванд ва онҳо аз корҳои зишт ба монанди дуздӣ ва ришвахорӣ ҳазар хоҳанд кард. Дар ислом «ҷамоъат» хеле муҳим аст, ва ислом мардумро муттаҳид хоҳад сохт, эътимоди мардум ба адолат, ҳақиқат ва инсофро бештар хоҳад кард. Ҳамчунин эътимоди мардум ба ҳамдигар ҳам боло хоҳад шуд, чаро, ки дар ҷомеъае, ки раият аз рӯи ислом зиндагӣ мекунад, фиреби ҳамдигар байни мардум камтар хоҳад шуд ва кӯмак зиёдтар хоҳад шуд, ба вежа ба табақаи мазлуми ҷомеъа. Мутмаъинам, ки ин ҳама марзҳоро, махсусан байни Узбекистон ва Тоҷикистон, байни Тоҷикистон ва Афғонистон мо лозим надорем, ва онҳоро ба ошғол хоҳем ҳавола дод.
ПАЁМ.net: Дар бобати мубориза бо терроризму экстремизм, ки шиори ҳама ҳукуматҳои ҷаҳон шудааст, шумо чӣ андеша доред?
Абдусалом Одиназода:Терроризм ва экстремизм сохтаи худи ғарбиҳост. Худи онҳо ҳастанд, ки имконият намедиҳанд, то мардуми мо худашон сарнавишташонро интихоб бикунанд, худашон аҳзоберо, ки тарафдораш ҳастанд, интихоб намоянд. Шумо медонед, ки тарафдорони Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон дар ҷомеъаи тоҷикӣ хеле зиёд буд, аммо мақомоти мо бо фармони сарпарастони хориҷии худ (асосан Чин) ниҳоятан ин ҳизби гуфтагӣ барин, бисёр мулоим ва ҳатто як миқдор ғарбгароро мамнӯъ эълон карданд ва раҳбарияти онро зери таъқиб қарор доданд.
Алъон чӣ шуд. Алъон, барои мардуми тоҷик чӣ илоҷ монда? Барои мардуми Миср чӣ илоҷ монда? Барои мардуми Алҷазоъир чӣ илоҷ монда?
Худи ғарбиҳо ва русҳо бо ҳамраъйии хоинонаи роҳбарони кишварҳои мусалмоннишин дари ҳамаи илоҷҳои ба таври осоишта интихоб кардани аҳзоберо, ки тарафдораш ҳастанд, мебанданд. Ба интихоботҳо дахолат мекунанд. Боварии мардумро ба демократия, ҳуқуқбунёдӣ ва мардумсолорӣ аз байн мебаранд. Ҳуқуқу озодиҳоро салб мекунанд. Тамоми қонунҳо маҳз барои ҳифзи мақому мансаби ҳукуматдорон нигаронида шудааст. Аслан мардуми оддӣ дар шароити имруз дар дифоъ аз ҳуқуқу озодиҳои хеш бо таври қонунӣ оҷиз мондааст. Як чунин шароитро болои мардум худашон таҳмил кардаанд ва боз ҳайрон мешаванд, ки чаро ин мусалмонҳо саросар ифротӣ ва терорист шуда истодаанд. Ғарб бояд бархӯрдашон нисбат ба мусалмонҳоро дигар бикунад, он гоҳ террористе ҳам намемонад, чаро, ки дини ислом динест сулҳҷӯёнатарин ва мусалмонҳо аз хушрафтортарин ва инсонтарини ҷомеъаи ҷаҳонии имрӯза ҳастанд.
ПАЁМ.net: Барои пешрафт ва баҳамоии қишрҳои гуногуни ҷомеъа дар кишварҳои Осиёи Марказӣ хусусан дар Тоҷикистон чӣ бояд кард. Оё ҳукумат дар шароити имруз тавони сарҷамъ кардани мардуми худро, ки аксар муҳоҷиру сарбагурезу ба ҳар кишварҳо паноҳанда шудаанд, дорад?
Абдусалом Одиназода: Мутаасифона, роҳбарони имрӯзаи кишварҳои мо аз ҷумла роҳбарият ва апарати ҳукумати Тоҷикистон ашхоси замони гузашта ҳастанд. Сарпарастони ғарбии онҳо ҳам, ҳамон ҳастанд — одамонӣ дирӯз на имрӯз. Инҳо тасаввуроти муносибе оиди мардуми худ надоранд, чӣ расад роҷеъ ба ояндаи наздику дур, ояндаи фардо, ва ояндаи баъд аз 10 сол. Инҳо зарфияти зеҳнии кофӣ надоранд, таҳсили бояду шояд надоранд, қобили ҷалб ва нигаҳдошти ашхоси мутахассис, ҳирфаӣ ва донишмандро дар гирду атрофи худ надоранд. Қобилияти гирифтани тасмимоти муносибро оиди масоъили умдаи иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ ҳеҷ кадоме аз онҳо надоранд. Инҳо ҳама одамоне ҳастанд, ки фақат барои имрӯз зиндагӣ мекунанд ва аз фардояшон огоҳона ва ё ноогоҳона метарсанд.
Аз ин лиҳоз, қобили таҳайюр нест, ки ҳамаи мо мунтазири чизе хеле ҷиддӣ дар минтақа ҳастем, ҳамаи мо — ҳам мардум, ҳам мақомот ва ҳам сарпарастони хориҷии онҳо.