Вилояти Хатлон дар соли 1991 75 корхонаи саноатӣ доштааст. Дар ин бора Эмомалӣ Раҳмон президенти Тоҷикистон зимни суханрониаш дар ҷамъи раҳбарону намояндагони мақомоти маҳаллӣ дар Қурғонтеппа маълумот додааст.
Ӯ афзудааст, кунун шумори корхонаҳо дар Вилояти Хатлон ба 577 адад расидаанд. Аммо раҳбари давлат ибрози нигаронӣ кардааст, ки аз ин миқдор 227 корхонаи саноатӣ аз кор мондаанд. Сабабҳои аз фаъолият бозмондани ин корхонаҳои саноатиро коршиносони давлатӣ ба бӯҳрони иқтисодие, ки алҳол саросари кишварро фаро гирифтааст, марбут медонанд.
Аммо коршинососни мустақил мегӯянд, қонунгузории Тоҷикистон ва фасод аст, ки корхонаҳоро аз кор бозмедорад. Аз ҷониби дигар гуфта мешавад, ки ин корхонаҳо ба таври саросемагӣ сохта шудаанд ва захоири ашёи хом пурра ба ҳисоб гирифта нашудаанд. Ин аст, ки аксари онҳо имрӯз ба далели дастнорасии ашёи хом таваққуф намудаанд. Бархе аз онҳо наметавонанд маҳсулоти худро дар бозори ҷаҳонӣ фурӯшанд ва фоида ба даст оваранд.
Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардааст, корхонаҳои саноатии Хатлон имкон доштанд дар як сол 1 миллион тонна нахи пахтаро коркард намоянд, аммо дар ин соҳа ба камбудиҳо роҳ дода, ҳаҷми истеҳсолро поин овардаанд. Вай изофа намудааст, ки ҳукумати Тоҷикистон солҳои наздик дар Данғара, Фархор ва Вахш бузургтарин корхонаҳои ресандагиву бофандагиро сохта, ба истифодаи умум хоҳад гузошт ва айни ҳол дар ин самт корҳои сохтмонӣ идома доранд. Ҳукумат дар нақша дорад, ки солҳои 2016 ва 2017 69 корхонаи нав бо 3700 ҷои корӣ бунёд намояд ва ба истифодаи умум бидиҳад.
Дар ҳамин ҳол соли 1991 бо доштани 75 корхона, мардуми Хатлон пурра ба кор таъмин буданд, аммо инак 577 корхона натавонистааст ҳадди ақал 40 дарсади мардумро ба кор таъмин кунад. Беш аз 70 дарсади мардони қобили кори ин вилоят барои ёфтани рӯзии худ ба муҳоҷират мераванд.